Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳамзамон Осорхона ба як маркази илму таҳқиқ табдил ёфта, ҳамчун як ҷузъи ҷудонопазири ҷомеа барои мардум хидмат мекунад. Ба як маънӣ он равзанаест ба гузаштаи таърихи Шаҳри Хучанд ва умуман миллати сарбаланди тоҷик.
Соли 2016

МАКТАБИ ТАҶРИБА ВА ОДАМИЯТ

Бо амри тақдир замоне, ки мўҳтарам Қоҳир Расулзода бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояи Суғд тайин шуданд,
банда, ки таи се соли охир вазифаи директори барномаҳои
телевизони вилояти Суғдро адо мекардам, бо пешниҳоди
раиси нав иҷрокунандаи сардори Идораи телевизион ва
радиои вилоят тайин гардидам. Масъулияти ба дўши ман
гузошта шуда маро водор мекард, ки бо истифодаи кулли
имониятҳо ва нерўи эҷодии хеш дар усули корбарӣ тағйрот ворид созам ва кореро ба анҷом расонам, ки телевизиони вилоят рўшантару афрўхта ба чашми бинандагон
намоён гардад. Дар муддати аввал то ба низом даровардани кор дар дохили телевизион ман ҳамоно аз рўи вазифаи деринаи худ – директори барномаҳо сафарҳои корӣ,
умуман, наворҳои марбут ба Раиси вилоятро худам омодаи пахш менамудам. Аз ин рў, бештарини вақти ман бо
таҳияи барномаҳои ҳукуматӣ мегузашт. Дар хотир дорам
аввалин боздиди кории Раиси мўҳтарам аз шаҳри Хуҷанд
ва Чкалов (Бўстони имрўза) сурат гирифта буд. Аз рафти
ошноӣ бо ин ё он мавзеъ, аз ҷумла, корхонаву муассисаҳои мухталиф рўшан ҳувайдо мегардид, ки ба сари кор фарде омадааст, ки на танҳо бо мушкилоту масъалаҳои актуалии вилоят огоҳ балки медонад, ки ин муаммоҳоро чи хел ҳаллу фасл намояд.

пешина
аз 601
навбатӣ