Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Аврупо барои бартарӣ дар ҷаҳони моварои уқёнусӣ бо пирӯзии комили протестантҳои англисзабон анҷом ёфт. Натиҷаи ҷанги ҳафтсола ояндаи ҳамаи Амрикои Шимолро аз доираи қутби Шимол то Рио - Гранд ҳаллу фасл намуд.
Ин сарзамин иқоматгоҳи намояндагони милали ҷадиди мансуб ба ғарби Аврупо гардид, ки пояҳои фарҳангии онҳо дар нусхаи тамаддуни ғарбии англо – протестантӣ реша дошт”. Аммо Тойнби чун мухолифи ақлгиройӣ аз ҷониби ҷомеашинос Карл Поппер интиқод шуда, иштибоҳи ӯ дар он мушоҳида мешавад, ки номбурда Марксро ақлгиро дар пояи андешаҳои Ҳегел ном бурдааст. Дар ин замина Поппер дар китоби “Ҷомеаи кушода ва рақибони он” бо таваҷҷуҳ ба интиқоди Тойнби чунин менигорад:
“Таъсири Марксро арзёбӣ намуда, Тойнби ба хулосае мерасад, ки гӯё “қазовати таърих ба он мерасонад, ки ягона дастоварди мусбати Маркс бедор кардани шуури иҷтимоии масеҳият мебошад. Ба муқобили чунин арзгузорӣ, албатта, баъзеҳо эътироз карда метавонанд”. Албатта, ин ҷо рисолаи дифоъ аз таълими Маркс наметавонад ақлгироии интиқодиро маҳв бинмояд, чунки ғайри Тойнби боз ҳазорон

пешина
аз 303
навбатӣ