Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

“бархурди тамаддунҳо” медонад, ки дар миёни дигар мушкилоти ҷаҳонии башар аҳамияти ғолиб пайдо хоҳад кард. Муҳаққиқи дигар фарҳангшиноси амрикоӣ Арнолд Ҷозеф Тойнби мебошад, ки теъдоди тамаддунҳоро ба 21 адад бурдааст. Мавсуф дар рисолаи “Дарки таърих” чунин менигорад: “Теъдоди тамаддунҳои шинохташуда андак аст. Мо фақат тавонистем 21 тамаддунро барҷаста эълон кунем, аммо метавон фарз кард, ки таҷриба ва таҳлили дақиқтар тамаддунҳои мустақили камтар аз 10 ададро ошкор кунад”70.
Гузашта аз ин, Тойнби мутаъқид аст, ки тамаддунҳоро шахсиятҳои эҷодкор офарида, рушди онҳоро тавассути омма таъмин менамоянд: “Ман ҳаргиз худамро намешинохтам ва мутаваҷҷеҳ намешудам, агар аз фурсати тамос бо дигарон маҳрум мешудам, чунки барои дарки худ шинохти дигарон лозим аст... Ҷомеа чизе нест ва наметавонад бошад ҷуз воситае, ки афрод аз тариқи он иртибот барқарор мекунанд. На ҷомеаҳо, балки шахсиятҳо таърихи башарро месозанд. Ин воқеият, ки рушди тамаддунҳо кори аққалиятҳои худогоҳ аст, ки аксарияти маҳрум аз эҷодкорӣ дар ҳамон марҳилае, ки буданд, қарор мегиранд, ҳақиқат аст”71. Шакурӣ ба тақсимбандии тамаддунҳо мухолиф аст, ба

70
Тойнби А. Постижение истории (сборник), - М.: Рольф, 2001, - с. 87.
Тойнби А. Постижение истории (сборник), - М.: Рольф, 2001, - с. 285.

пешина
аз 303
навбатӣ