Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

медиҳад, ки ҳар фарҳанге тавассути қиёс бо ғайри
худ шинохта мешавад. Зимни баррасиҳои
ҳувияти фарҳангии ҷомеа ҳамоҳангии кишварҳо
мушоҳида мешавад. Агар Русияро чун ҳудуди
Аврупо дониста, боз фарҳангҳои зидди урупоиро
дар ин кишвар таҳқиқ кунем, бешак ба баъзе
хусусиятҳои дар Тоҷикистон ҷойдошта ҳамоҳанг
мешавем. Масалан, Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона
кишвари ориётабор дар минтақа аст ва ҳамаи
ҳамсояҳояш ғайри ӯ маҳсуб мешаванд, аммо
ягонагии тамаддун дар минтақа дар тӯли ҳазор
соли ахир дини воҳид мебошад. “Масъалаи
ҳувияти амрикоӣ бешубҳа беназир аст ва дар
айни замон он на танҳо ба Амрико хос аст”
менависад С. Ҳантингтон. - Баҳсҳо дар бораи
ҳуввияти миллӣ кайҳо як ҷузъи ҷудонашавандаи
замони мо шудаанд. Қариб дар ҳама ҷо одамон аз
худ мепурсанд, ки онҳо бо ҳамватанони худ чӣ
умумияте доранд ва онҳо аз дигарон чӣ фарқ
мекунанд, мавқеи худро аз нав дида,тавассути
минбарҳо табодули афкор менамоянд. Мо
кистем? Мо ба куҷо тааллуқ дорем? Ҷопониҳо ба
ҳеҷ ваҷҳ тасмим гирифта наметавонанд, ки онҳо
ба Осиё тааллуқ доранд (бинобар мавқеи
ҷуғрофии ҷазираҳо, таърих ва фарҳанг) ё ба
тамаддуни Ғарб, ки онҳо бо он бо шукуфоии
иқтисодӣ, демократия ва сатҳи техникии муосир
алоқаманданд. Эрониёнро аксар вақт “мардуме
дар ҷустуҷӯи ҳувият” тавсиф мекунанд, Африқои Ҷанубӣ ба ҳамон ҷустуҷӯҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунад ва Чин бо Тайван “мубориза барои ҳувияти миллӣ” -ро идома дода, дар “вазифаи пароканда ва ислоҳ кардани ҳуввияти миллӣ” ғарқ мешавад.

пешина
аз 303
навбатӣ