Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

мерасад, нигарони дунё будан бо пӯшишҳои
худманишӣ мавзуи шинохти назарии “ҷаҳон”
нест, балки ба унвони як мавҷуди мутақобилест,
ки қабл аз риёзӣ ба тафсири падидоршинохтӣ
ворид гардидааст”[98, с.40]. Мартин Ҳайдеггер
равиши илмии хешро аз падидоршиносӣ ҳусни
оғоз бахшидааст. Ӯ муътақид аст, ки шинохт ва
фалсафа реша дар таърихи ҷомеа доранд ва
замон масъул аст, ки таъсиси ҷаҳонро уҳдадор
бошад. Бинобар ин, маншаи шинохт бо
дарназардошти паҳлӯҳои расмию ғайрирасмиаш
дар ашколи улуми ҷадид ва маърифати рӯзмарра
аз ҳувияти вижагии таърихӣ бархурдор буда,
маҳсули муҳиту замон маҳсуб мешавад. Ҳувият ба
пиндори Ҳайдеггер, маъқулае аз ҷинси шинохт ва
маърифат аст. Бинобар ин, ин падидаи муосир,
ки шакли такмилхӯрдаи худогоҳии таърихист,
айни замон мавзуи аслии ҷомеашиносӣ ва ҳатто
фалсафа мебошад. Китоби “Ҳастӣ ва замон”, ки
аз шоҳкориҳои Мартин Ҳайдеггер аст, агарчи
зоҳири фалсафӣ дорад, аммо ҳадафи
ҷомеашиносиро дунбол мекунад ва ҳадаф аз ин
нигориш посух ба ин пурсиш аст, ки оё
маърифати созандаи ҳувият дар иртибот бо дунёи
зиндагии яке аз муҳимтарин калидвожаҳо дар
улуми фалсафӣ аз нимаи дувуми садаи XIX то
кунун дар Урупо чӣ нақше дорад? Инак, он
посухи файласуф: “Агар вуҷуди рӯзмарраи ҳар
фарде бо дигаре зоҳиран аз назари ҳастишинохтӣ наздик мешаванд, дар асл мутафоввит аз пули нақд аст, пас вуҷуди худи шахс ҳануз ҳам метавонад мутафоввит бошад, чунки бо ин ҳол худхоҳӣ аз ҳувият дар печидагиҳои таҷрибии “Ман” ҷудо мешавад”58.

пешина
аз 303
навбатӣ