Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
145 Фаромарз он ҷост бо лашкараш
Бибояд фиристод эдар сараш.
Нигаҳ дор ҷон аз бади пури Зол,
Ба ҷангат набошад ҷуз ў кас ҳамол.
Ба ҷое ки пархош ҷўяд паланг,
Саги корзорӣ чӣ санҷад ба ҷанг?!
Ту фарзандиву некхоҳи манӣ,
Сутуни сипоҳиву моҳи манӣ.
Чу бедордил бошиву роҳҷўй,
Кӣ ёрад ниҳодан ба сўи ту рўй?
150 Кунун пешрав бошу бедор бош,
Сипаҳро зи Рустам нигаҳдор бош!»
Зи пеши падар Сурха берун кашид,
Дурафшу сипаҳ сўи ҳомун кашид.
Ба сўи Сапеҷоб омад чу бод
Ҷуз андешаи разм номад-ш ёд.
Талоя чу гарди сипаҳ дид, рафт
Бупечид сўи Фаромарз тафт.
Аз эронсипаҳ бар шуд овои кўс.
Зи гарди сипаҳ шуд ҷаҳон обнўс.
155 Хурўши саворону аспон зи дашт
Зи хуршеду ноҳид бартар гузашт.
Дурахшидани теғи алмосгун,
Синонҳои оҳордода ба хун.
Ту гуфтӣ, ки бар шуд зи гетӣ бухор,
Барафрўхт аз он оташи корзор.
Зи кушта фиканда ба ҳар сў сарон,
Замин кўҳ гашт аз карон то карон.
Чу Сурха бад-он гуна пайкор дид,
Синони Фаромарзи солор дид.
160 Инонро ба бўри сарафроз дод,
Ба найза даромад, камон боз дод.
Фаромарз бугзошт қалби сипоҳ,
Сўи Сурха бо найза шуд кинахоҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё