Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Ниёзод шамро ба дайҳиму зўр,
Ба додори баҳрому кайвону ҳур».
Зи Пирон чу бишнид Афросиёб,
Сари марди ҷангӣ даромад ба хоб.
Яке сахт савганди шоҳона х(в)ард
Ба рўзи сапеду шаби лоҷвард.
2700 Ба додор, к-ў ин ҷаҳон офарид,
Сипеҳру даду дому ҷон офарид,
Ки «Н-ояд бад-ин кўдак аз ман ситам,
На ҳаргиз бад-ў барзанам тез дам».
Заминро бибўсид Пирону гуфт,
Ки «Эй додгар шоҳи бо дод ҷуфт!
Ба некӣ хирад раҳнамои ту бод,
Замину замон хоки пои ту бод!»
Ба наздики Кайхусрав омад давон,
Ба рух арғавону ба дил шодмон.
2705 Бад-ў гуфт, к-«Аз дил хирад дур кун,
Чу разм оварад, посухаш сур кун.
Марав пеши ў ҷуз ба бегонагӣ,
Магардон забон ҷуз ба девонагӣ.
Магард эч гуна ба гирди хирад,
Як имрўз бар ту магар бугзарад».
Ба сар барниҳодаш кулоҳи каён,
Бубасташ каёникамар бар миён.
Яке бораи гомзан хост нағз,
Бад-ў барнишаст он гави покмағз.
2710 Биёмад ба даргоҳи Афросиёб,
Ҷаҳоне бад-ў дида карда пуроб.
Раворав баромад, ки букшой роҳ,
Ки омад навоин гави тоҷхоҳ.
Ҳаме рафт то пеши он шоҳи гурд,
Сипаҳдор Пирон варо пеш бурд,
Биёмад ба наздики Афросиёб,
Ниёро рух аз шарми ў шуд пуроб.
Тани паҳлавон гашт ларзон чу бед,
Шуд аз ҷони Кайхусрав ў ноумед.
2715 Аз он пас нигаҳ кард, хира бимонд,
Вафоро бихонду ҷафоро биронд.
Бад-он хусравӣ ёлу он чанги ўй,
Бад-он рафтану ҷоҳу фарҳанги ўй
Замоне чунин буду букшод чеҳр,
Замона ба дил-ш андаровард меҳр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё