Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

2660 Набояд, ки ояд бар ў-бар газанд,
Зи ман бинад ин паҳлавони баланд.

Чу бишнид Пирон, бихандиду гуфт:
«Намонад нажоду ҳунар дар нуҳуфт».

Нишаст аз бари бораи дасткаш,
Биёмад бари шери хуршедфаш,

Ҳамон гаҳ баромад бари ў ҷавон,
Нигаҳ кард болои ў паҳлавон.

Равон гашт шаҳзода монанди бод,
Биёмад давон, дасти ў бўса дод.

2665 Чу Пирон бидид ончунон фарру чеҳр,
Рухаш гашт пуробу дил пур зи меҳр.

Ба бар даргирифташ замоне дароз,
Ҳаме гуфт бо довари пок роз.

Бад-ў гуфт Хусрав, ки «Эй покдин,
Ба ту бод рахшанда Туронзамин.

Азеро касе к-ат бидонад ҳаме
Ба ҷуз меҳрубонат нахонад ҳаме.

Шубонзодаеро чунон дар канор
Бигириву аз кас наёяд-т ор».

2670 Хирадмандро дил бар ў - бар бисўхт,
Ба кирдори оташ рухаш барфурўхт.

Бад-ў гуфт, к-«Эй ёдгори меҳон,
Писандидаву носипарда ҷаҳон,

Шубон нест аз гавҳари ту касе
В-аз ин достон аст бо ман басе».

Зи баҳри ҷавон аспи тозӣ бихост,
Ҳамон ҷомаи хусравӣ кард рост.

Ба айвон хиромид бо ў ба ҳам,
Равонаш зи баҳри Сиёвуш дижам.

2675 Ҳаме парваронидаш андар канор,
Бад-ў шодмон буду беҳрўзгор.

Аз ў дур шуд хўрду орому хоб,
Зи меҳри ваю хашми Афросиёб.

Бад-ин низ бугзашт чанде сипеҳр,
Ба дил-дар ҳаме дошт оромумеҳр.

пешина
аз 234
навбатӣ