Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Чаро бар дилат чира шуд хира дев,
Бибурд аз дилат шарми кайҳонхидев
Бикуштӣ Сиёвахшро бегуноҳ,
Ба хок-андар андохтӣ ному ҷоҳ.
Ба Эрон расад з-ин бадӣ огаҳӣ,
Барошўбад ин рўзгори беҳӣ.
Басо паҳлавонон, к-аз Эронзамин,
Ки бо лашкар оянд пурдарду кин.
2575 Ҷаҳон орамида зи дасти бадӣ,
Шуда ошкоро раҳи эзадӣ.
Фиребанда деве зи дўзах биҷаст,
Биёмад, дили шоҳи Турон бихаст.
Бар он аҳриман низ нафрин сазад,
Ки печид роят суи роҳи бад!
Пушаймон шавӣ з-ин ба рўзи дароз,
Бупечӣ ҳамоно ба гурму гудоз.
Надонам, ки ин гуфтани бад зи кист?
В-аз ин офаринандаро рой чист?
2580 Кунун з-ў гузаштӣ ба фарзанди хеш
Расидӣ ба озори пайванди хеш.
Чу девона аз ҷой бархостӣ,
Чунин рўзи бадро биёростӣ.
Нахоҳад ҳамоно Фарангис бахт,
На авранги шоҳӣ, на тоҷу на тахт.
Ба фарзанд бо кўдаке дар ниҳон,
Дурафше макун хештан дар ҷаҳон,
Ки то зиндаӣ, бар ту нафрин бувад,
Пас аз зиндагӣ дўзах оин бувад.
2585 Агар шоҳ равшан кунад ҷони ман,
Фиристад варо сўи айвони ман.
В-ар эдун, ки андеша з-ин кўдак аст,
Ҳамоно, ки ин дарду ранҷ андак аст.
Бимон, то ҷудо гардад аз колбад,
Ба пеши ту орам ҳаме соз бад».
Бад-ў гуфт: «Аз ин сон, ки гўӣ, бисоз
Маро кардӣ аз хуни ў бениёз».
Сипаҳдор Пирон аз он шод гашт,
Зи андешаи бад дил озод гашт.
2590 Биёмад ба даргоҳу ўро бибурд,
Басе зишт бар рўзбонон шумурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё