Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

2425 Аз эрониён дашт пуркаргас аст,
Гар аз кин битарсӣ, туро ин бас аст.

Сиёвуш чу бихрўшад аз Руму Чин,
Пур аз гурзу шамшер бинӣ замин.

Ҳамин бад, ки кардӣ туро худ на бас,
Ки хира ҳаме бишнавӣ панди кас?

Сипардӣ дами мору хастӣ сараш,
Ба дебо бипўшида хоҳӣ бараш.

Гар эдун, ки ўро ба ҷон зинҳор
Диҳӣ, ман набошам бари шаҳрёр.

2430 Равам, гўшае гирам андар ҷаҳон,
Магар худ ба зудӣ сар ояд замон».

Бирафтанд печон Дамуру Гурўй,
Бари шоҳи Турон ниҳоданд рўй,

Ки «Чандин зи хуни Сиёвуш мапеч,
Ки ором хор ояд андар басеч.

Ба гуфтори Гарсевази раҳнамой
Баророю бардор душман зи ҷой.

Задӣ дому душман гирифтӣ бад-ўй,
Бикуш тезу хира мабар обрўй.

2435 Сазо нест инро,ки дорӣ ба даст,
Дили бадсиголон бибояд шикаст.

Сипоҳе бад-ин гуна кардӣ табоҳ,
Нигар, то чи гуна бувад бо ту шоҳ.

Агар кас наёзордит аз нахуст,
Ба об ин гунаҳро тавонист шуст.

Кунун он беҳ ояд, ки ў дар ҷаҳон
Набошад падид ошкору ниҳон».

Бад-эшон чунин посух овард шоҳ,
К-«Аз ў ман ба дида надидам гуноҳ,

2440 Валекин ба гуфти ситорашумар
Ба фарҷом аз ў сахтӣ ояд ба сар.

В-ар эдун, ки хунаш бирезам ба кин,
Яке гард хезад ба Туронзамин,

Ки хуршед аз он гард тира шавад,
Ҳушивор аз он рўз хира шавад.

Ба Турон газанде маро омадаст,
Ғаму ранҷу банде маро омадаст.

пешина
аз 234
навбатӣ