Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Равон хун бар он чеҳраи арғавон,
Чунон рўз нодида чашми ҷавон.
Ҳаме тохтандаш пиёда кашон,
Чунон рўзбонони мардумкушон.
Бирафтанд сўи Сиёвахшгирд,
Пасу пеши ў-бар сипаҳ буд гирд.
2390 Чунин гуфт солори туронсипоҳ,
К-«Аз эдар ба як сў кашедаш зи роҳ.
Кунедаш ба ҳанҷар сар аз тан ҷудо
Ба шаххе, ки ҳаргиз нарўяд гиё.
Бирезед хунаш бар он гармхок,
Мамонед деру мадоред бок».
Чунин гуфт бо шоҳ яксар сипоҳ,
К-«Аз ў, шаҳрёро, чӣ дидӣ гуноҳ?
Чӣ кардаст бо ту, нагўӣ ҳаме,
Ки бар хуни ў даст шўӣ ҳаме?
2395 Чаро кушт хоҳӣ, касеро, ки тоҷ
Бигиряд бар ў зор, ҳам тахти оҷ.
Ба ҳангоми шодӣ дарахте макор,
Ки заҳр оварад бори ў рўзгор».
Ҳаме буд Гарсевази баднишон
Зи беҳудагӣ ёри мардумкушон,
Ки хуни Сиёвуш бирезад, зи дард,
К-аз ў дошт дар дил ба рўзи набард.
Зи Пирон гаве буд кеҳтар ба сол,
Бародар буд ўрову фаррух ҳамол.
2400 Куҷо Пилсам буд номи ҷавон,
Гави пурҳунар буду равшанравон.
Чунин гуфт бо номвар Пилсам,
Ки «Ин шохро бор дард асту ғам.
Зи доно шунидам яке достон,
Хирад шуд бад ин гуна ҳамдостон.
Ки оҳистадил кай пушаймон шавад,
Ҳам оҳистаро ҳуш дармон шавад.
Шитобу бадӣ кори оҳарман аст,
Пушаймониву ранҷи ҷону тан аст.
2405 Сареро, ки бошӣ бад-ў подшо,
Ба тезӣ буридан набошад раво.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё