Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Дар он ҷо, ки он равшанӣ бардамид,
Шуд он тирагӣ сар ба сар нопадид.
Бифармуд Хусрав бад-он ҷойгоҳ
Яке гунбаде то ба абри сиёҳ,
1400 Дарозову паҳнои он даҳ каманд,
Ба гирд-андараш тоқҳои баланд,
Зи берун чу ним аз таги тозиасп
Бароварду бинҳод озаргушасп,
Нишастанд гирд-андараш мўбадон,
Ситорашиносону ҳам бихрадон.
Дар он шорсон кард чандон диранг,
Ки оташкада гашт бо бўю ранг.
Чу як сол бугзашт, лашкар биронд,
Буна барниҳоду сипаҳ барнишонд.
Боз омадани Кайхусрав ба фирўзӣ
1405 Чу огоҳӣ омад ба Эрон зи шоҳ
Аз он эзадӣ фарру он дастгоҳ,
Ҷаҳоне фурў монда андар шигифт,
Ки Кайхусрав он фарру боло гирифт.
Ҳама меҳтарон як ба як бо нисор
Бирафтанд шодон бари шаҳрёр.
Фарибурз пеш омадаш бо гурўҳ,
Аз Эрон сипоҳе ба кирдори кўҳ.
Чу дидаш, даромад зи Гулранг зер
Ҳам аз пушти Шабранг шоҳи далер.
1410 Бибўсид рўяш бародарпадар,
Ҳам он ҷо бияфканд тахте зи зар.
Бар он тахти пирўза биншондаш,
Ба шоҳӣ бар ў офарин хондаш.
Нишаст аз бари тахти зар шаҳрёр,
Ба сар-бар яке тоҷи гавҳарнигор.
Ҳамон Тус бо ковиёнӣ дурафш
Ҳаме рафт бо кўсу зарринакафш.
Биёварду пеши ҷаҳонҷўй бурд,
Заминро бибўсиду ўро супурд.
1415 Бад-ў гуфт, к-«Ин кўсу зарринакафш,
Ҳуҷаста ҳамин ковиёнӣ дурафш,
Зи лашкар бубин, то сазовор кист,
Яке паҳлавон аз дари кор кист,
Бад-ў деҳ, ки моро аз ин моя бас,
Гунаҳкардаро умр сармоя бас».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё