Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

1325 Шуниданд Гударзу Тус ин сухун,
Ки афканд солори бедор бун.

Бад-он ҳар ду гаштанд ҳамдостон,
Назад з-он накўтар касе достон.

Бар ин ҳамгинон дил биёростанд.
Зи пеши сипаҳдор бархостанд.

Рафтани Тус ва Фарибурз ба Дижи
Баҳман ва боз омадан комноёфта

Чу хуршед барзад сар аз бурҷи шер,
Сипеҳр андаровард шабро ба зер.

Фарибурз бо Туси Нўзар давон
Биёмад ба наздики шоҳи ҷаҳон.

1330 Чунин гуфт бо шоҳ Ковус Тус:
«Кунун бо сипаҳ ман барам пилу кўс.

Ҳамон ман кашам ковиёнӣ дурафш,
Кунам лаъли рухсори душман бунафш.

Ба фарри Фарибурзу зўри каён
Бубандам каёнӣ камар бар миён».

Бад-ў гуфт ҳар кас, ки ронад зи пеш,
Нагардад шумор эч бар камму беш.

Ба рои худованди хуршеду моҳ
Тавон ёфт пирўзиву дастгоҳ.

1335 Фарибурзро гар чунин аст рой,
Ту лашкар биёрою маншин зи пой.

Бишуд Тус бо ковиёнӣ дурафш,
Ба пой-андарун карда зарринакафш

Фарибурзи Ковус дар қалбгоҳ,
Ба пеш-андарун Тусу пилу сипоҳ.

Бишуд Тус бо лашкари ҷангҷўй,
Ба тезӣ сўи диж ниҳоданд рўй.

Чу наздикии ҳисни Баҳман расид,
Замин ҳамчу оташ ҳаме бардамид.

1340 Синонҳо зи гармӣ ҳаме барфурўхт,
Миёни зиреҳ марди ҷангӣ бисўхт.

Замин сар ба сар гуфтӣ аз оташ аст,
Ҳаво доми оҳармани саркаш аст.

Чу фарзандро фарру бурзи каён
Набошад, набера бубандад миён.

пешина
аз 234
навбатӣ