Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
– Вайро мор мегазад,– гуфт мӯйсафед – тақдир. Агар касе морро бикушад ва шоҳ раҳо ёбад, ту намеравӣ?
– Не, дар ин ҳолат ман намеравам,– гуфт тақдир.
Ниҳол ба хонаи хоби шоҳ даромад ва дар зери кат ҷой гирифт. Пас аз чанде мореро дид, ки сӯйи рахти хоби шоҳу малика хазида меояд. Ниҳол ба шамшер морро кушт, аммо қатрае аз хуни он ба рӯйи малика чакид. Аз тарси он ки ин қатра боиси марги малика мегардад, Ниҳол тиреро гирифта ба нӯгаш латтаеро печонд ва бо он рӯйи маликаро пок кард.
Малика бедор шуда посбони аз хона баромада истодаро дид ва фикр кард, ки вай ба рӯяш даст расондааст.
Ниҳол ба ҷойи худ баргашта, ҳамроҳашро барои идома додани навбатдорӣ бедор кард ва худ ба хоб рафт. Дар бораи куштани мор чизе ба ӯ нагуфт.
Субҳ надамида малика шоҳро бедор карду фармоиш дод:
– Бирав, посбони дар навбати якум истодаро бикуш.
Подшоҳ ба назди посбон омада пурсид:
– Имшаб дар навбати аввал кӣ посбон буд?
– Рафиқи ман посбонӣ мекард,– ҷавоб дод балуч,– вале ҳоло ӯ хобидааст.
– Ман ӯро мекушам.
– Вай чӣ гуноҳ кардааст?– пурсид балуч.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё