Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

АфсонаНаврасон
Аз аввал хондан

зебо буд, ҳусну ҷамолаш ҳамагонро мафтуни худ месохт. Дар зебоӣ Паричехра аз модарандаш садчанд боло буд.

Рӯзе малика аз оина пурсид:
— Оина маро дидӣ, мислам зебо шунидӣ?

Оина гуфт:
— Малика ҳамоно зебост, вале дар зебоӣ духтари подшоҳ Паричехра садчанд болост.

Маликаи бадрашк аз тарс як қад парид ва нафрати ӯ нисбати Паричехра даҳчанд зиёд гардид. Ӯ аз рашк шабу рӯз месӯхт, аз ҳасад сабру қарорро аз даст дода буд.

Рӯзе малика назди шикорчии худро даъват карда, ба ӯ амр дод, ки Паричехраро бурда дар ҷангал ба қатл расонад ва шушу ҷигари ӯро наздаш орад, то дили ӯ қарор гирад.

Ҳамин тавр ҳам шуд. Шикорчӣ Паричехраро бо фириб аз қаср бароварда, ба ҷангал бурд ва хост ӯро ба қатл расонад. Дар ин вақт ашк аз чашмони Паричехра шашқатор рехтанд. Инро диду дили шикорчӣ сӯхта, Паричехраро дар ҷангал раҳо кард ва аз дил гузаронид: «Бе ин ҳам дар ҷангал ӯро шерону палангон зинда намемонанд».

Шикорчӣ барои бовар кунонидани маликаи бадкору бадрашк оҳуеро кушта, дилу ҷигарашро бо худ гирифт ва ба қаср бозгашт.

Паричехра дар ҷангал аз тарс ба ҳар сӯ медавид, дар атрофи вай ҳайвоноти ваҳшӣ мегаштанд, вале ба ӯ кордор намешуданд. Оқибат Паричехраи соҳибҷамоли мо дар ҷангал кулбаи фақиронаи хурдеро дид ва зуд ба он ворид гардид.

пешина
аз 87
навбатӣ