Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
Инро гуфта, Мук кафшҳои сеҳрнок дар пой зуд
аз он ҷой ғайб зад. Афсарон то мурдани шоҳ
Мукро кофтанду наёфтанд.
Мук дар деҳае барои худ қаср сохту он ҷой
бечорагонро ҷамъ овард ва то охири умр
ҳушбахтона умр ба сар бурд.1
Бачагони азиз, оқибати қадрношиносӣ ҳамин аст. Ҳар кори бадро сазои бад мунтазир аст, аз ин рӯ мо бояд ба қадри ҳама хубиҳо бирасем ва аз бадкориҳо даст бикашем.
ПАРИЧЕҲРА ВА ҲАФТ
МАРДИ НАКУКОР
Дар замонҳои қадим шоҳзодае бо маликаи соҳибҷамоли худ дар кишвари ободе хушбахтона умр ба сар мебурд. Рӯзе аз рӯзҳои зимистон малика назди тирезаи қаср нишаста боридани барфро бозавқ тамошо мекард. Чорчӯбаи тирезаҳои қаср аз чӯби сиёҳ буданд ва теғаҳои он чун корди тез.
Маликаи зебо аз тамошои барф завқ бурда, аз теғаи тиреза захмдор шудани дасташро нафаҳмида монд. Аз дасти малика се қатра хун ба замин чакид ва банохост андешае дар сари ӯ омад: «Ман
1 Сказки на ночь. - Ростов-на-Дону: «Проф-Пресс», 2010. - с.43-62.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё