Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ту қайро ҳангоме бо қай овардан беҳ кунӣ, ки агар он моддаро аз тариқи қай овардан бо ёрии, масалан, оби гарми танҳо, ё ҳамроҳи ангубин ва ё ҳамроҳи шибит ва ё бо ёрии оби турб, ангубин ва дигар чизҳои ба ҳамин монанде берун созӣ, ки онҳо андар ҷои худ дониста шуданд. Агар ягон чизи ситабреро хоҳ бо ёрии қай ва хоҳ аз ғайри қай истифроғ кардан хоҳем, мо онро нахуст латиф сохта, бибуронем ва сипас ба истифроғ берунаш созем. Агар маниши гаштан, балки қай низ аз сабаби бадмизоҷӣ бошанд, бо чизе муолаҷа карда шаванд, ки мизоҷро бигардонад ва агар ба карахт кардан эҳтиёҷ афтад, ин корро ба тавре кунанд, ки ба наздикӣ баён хоҳем кард.
Ғояти қасдшуда андар тадбири маниши гаштан ин аст, ки хилти маниши гаштан оваранда ронда шавад, ё кам карда шавад, ё агар ситабри часпак бошад, буронда шавад, ё агар гандидаи римӣ бошад, бо ошомонидани доруи атрӣ онро ба ислоҳ оварда шавад, зеро доруи атрӣ ва хусусан агар ғизоӣ бошад, аз барои меъда ниҳоят созгор аст (340) ва ё агар ҳис ба он бисёр даровехта бошад, бе ёд сохта шавад. Кашидани моддаи ба шӯр омада ба сӯи андомҳои атрофӣ аз барои бастани қай хусусан ҳангоме ниҳоят судманд аст, ки агар баробари чунин қай аз андомҳои гирдогирди меъда ва ҳамҷавори он ба сӯи он хилтҳо ронда мешуда бошанд. Ин [тадбир] бад-ин гуна бошад, ки андомҳои атрофӣ ва хусусан бахши фурӯсӯ, масалан, соқҳо ва панҷаи пойҳоро аз боло рӯ ба поин сахт бандпеч кунанд. Гоҳ аз барои ин ғараз гарм кардани онҳо ва андар оби гарм гирифтани онҳо ёварӣ кунад.
Бисёр бошад, ки эҳтиёҷ бад-он афтад, ки бар бозу ва соқ доруи сурхкунандаи решкунанда биниҳанд. Шигифт аст, ки гарм кардани дасту пойҳо ҳангоми фурӯ нишондани қай ба сабаби кашидани модда суд бахшад ва сард кардани онҳо ҳангоми фурӯ нишондани қаи зудояндаи гарм ба сабаби фишурда сохтани [модда] судманд бувад. Сард сохтани меъда низ ҳамчунин аст.
Бархе аз [пизишкон] гуфтаанд, ки агар бодоми талхро кӯфта, андар об ҳал кунанд ва сипас онро полида, ба бемор бидиҳанд, аз барои ғалаба ва шӯриши қай бузургтарин илоҷ бувад. Боқилии бо пӯсташ андар сиркои омехта ҷӯшонида аз барои чунин беморон ниҳоят судманд аст. Агар оби наски ҷӯшонидаро рехта, худи онро андар сирко ҷӯшонанд, [аз барои ин ғараз нофеъ бошад]. Аз барои [қай] доруе санҷидашуда аст, ки бад-ин сифат бошад: аз сукк, уди хом ва мехак бахшҳои баробар гирифта, бо оби себ [ба бемор] бидиҳанд. Сақизи мехак беҳтар аз худи он буда, инро низ ба ҳамон миқдор бигиранд.
Ҳар гоҳ ҳангоми ёфт нашудани сақизи мехак агар андар [дору] худи мехакро афкананд ва агар ҳамроҳи мехак якчанди он мушктаромашир ҳамроҳ кунанд, ин ба ғоят хуб ва қоиммақоми [сақизи] он хоҳад буд.
Ҳар қадар, ки битавонӣ, андар хобонидани эшон бикӯш, зеро ин асли муолаҷа бувад. Яке аз тадбирҳои нофеъ ин аст, ки хоҳ бихоҳанд ва хоҳ не, ба эшон оби гӯшти сердегафзорро якқултӣ бидиҳанд, вале андар он кашнизи хушк биафзоянд ва пеш аз ин шароби райҳонӣ рехта бошанд. Агар шароб тунд бошад, боз беҳтар аст. Гоҳе андар он нони кок ва ё нони сафед майда карда андозанд, зеро ин эшонро хоб оварад ва чун бихобанд, сахт ба хоб ғарқ хоҳанд шуд. Агар табиат хушк бошад, қайро ҷуз ба миқдори безиёне аз доруҳои гирандаи хушкиовар набанд. [Низ] ҳуқна ба кор бар ва табиатро бикушой ва сипас ба истеъмоли руббҳо рӯй овар. Бисёр бошад, ки маниши гаштан ва қайро раг задан сабукӣ оварад. Ҳар гоҳ [бемор] доруи қавигардонанда ва боздорандаи қайро бигардонад, бори дигар ба ӯ дору бидеҳ.
Агар бадбинии ӯ шиддат ёбад, ранг ва ё бӯи доруро андаке дигаргун кун.
Бидон, ки ҳар гоҳ маниши гаштан озор диҳад ва ҳамроҳи он қай ба амал наояд, онро бо доруҳои қайоварандаи латиф ёварӣ кун, то таом ва ё хилти хешро бигардонад. Агар туро ба исҳоли нарме эҳтиёҷ афтад, чунин кун ва сипас меъдаро бо равғанҳои ёдшуда ва хусусан бо равғани нордини ё холис ва ё омехта бо равғани гул ва чи гунае, ки муносиб бинӣ, қавӣ бигардон ва низ гармаш соз. Гоҳе маниши гаштан на аз паси таом, балки бар шиками холӣ низ падид ояд ва ба сабаби камии модда ба қай табдил ёфтан натавонад. Андар ин ҳол бояд худованди он таом бихӯрад, зеро агар шикам пур гардад, қай овардан осон шуда баробари он хилтро низ бигардонад. Аксарияти маниши гаштане, ки аз гармӣ ва хушкӣ ориз шуда бошад, аз тариқи зимодниҳӣ бо ёрии доруҳои сардиоварандаи тарифизое, ки бо барф сард гардонида шудаанд, аз байн биравад. [Низ] ба бемор оби бо барф сард гардонидае бидиҳанд, ки андар он рубби ғӯраоб ва рубби чукурӣ барин чизҳо ҳамроҳ карда бошанд. Аммо ҳангоми маниши гаштани моддӣ аз пок сохтан бо доруҳои муносиби он чора нест. Сипас кайфияти боқимондаро бо чизҳои зидди он аз қабили доруҳои атрӣ ва якҷоя бо руббҳои муносиби ҳол ё гарм ва ё сард муолаҷа кунанд. Ҳамаи онҳоеро, ки аз қай муолаҷа намудӣ, ҳар гоҳ таом додан бихоҳӣ, ба эшон андак-андак таом бидеҳ, то қаи эшон дубора ба ҳаракат наояд. Касе, ки баъд аз таом омодаи қай овардан аст ва таом андар меъдааш ҷойгир нашавад, бояд меъдаи ӯро бо зимодҳои қабзкунандаи андар «Қонун» ёдшуда зимод созӣ ва агар гармӣ ҷой надошта бошад, бо онҳо, масалан, оқирқарҳо, сунбул, кундур ва мурр биомез. Чунин [беморонро] қурси исодус, ки Ҷолинус онро сутудааст, ниҳоят судманд аст. Агар андар ин ҳол гармӣ ва ташнагӣ ҷой дошта бошанд, онро бо ягон руббе аз қабили рубби анор ва хусусан бо он намуде аз он, ки андар он наъно афканда бошанд, бидиҳанд. Агар мизоҷ имконият диҳад, аз паси он ба бемор шароби омехта биошомонанд. Агар гармӣ набошад, он [қурсро] бо об [ба бемор] бидиҳанд.
Эшонро қурсҳои Анқиловус сахт нофеъ аст. Агар эшонро сардӣ бошад, қурси ба сифати зерин буда судманд бувад: аз ҳар кадоми зурунбод, мехак, ушна, дорчинӣ, мастако ва кундур як донгӣ, аз афюн як қирот, аз гунди бедастар (341) як қирот ва аз сабр чаҳоряк дирам бигиранд. Яке аз тадбирҳои хуб барои касе, ки таомро бигардонад, ин аст, ки андар таомаш кашниз бештар ҳамроҳ кунад, ангубини омула билесад, низ пӯсти пистаи тар ва ё хушк бихӯрад ва кундур, мастако, уд, пӯсти турунҷ ва наъно бихояд. Ин гуна [беморро] беҳтар он аст, ки нахуст қай оварда, сипас таом бихӯрад.

пешина
аз 1215
навбатӣ