Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Боқимондаи он андар ҳиҷоб даромада, ба шохаи фурудояндаи бахши севвум ҳамроҳ шавад ва ҳар ду андар пардаҳои андомҳои дарунӣ пароканда шуда, ба устухони паҳнрафта поён ёбад.
Ҷуфти ҳафтум аз ҳадди муштараки миёни мағз ва ҳароммағз бирӯяд ва бештари он андар мушакҳои ҳаракатдиҳандаи забон ва мушакҳои андар миёни куркураки сипарию устухони ломӣ муштарак парокандашуда равад. Боқимондаи онро гоҳе, на ҳамавақт, чунин ҳолат рӯй диҳад, ки андар дигар мушакҳои ба ҳамсоягии ин мушакҳо буда пароканда бигардад. Азбаски асабҳои дигар ба корҳои муҳимми дигаре машғуланд ва беш будани сӯрохҳо чи андар пеш ва чи андар зер хуб нест, бинобар он, беҳтар ин буд, ки асаби ҳаракатдиҳандаи забон аз ин мавзеъ [берун] ояд, зеро [асаби] ҳисси [чашоии] он аз ҷойгоҳи дигар омадааст.
Фасли севвум андар ташреҳи асаби аз ҳароммағзи гардан раста ва гузаргоҳҳои он

Асабҳое, ки аз ҳароммағзи андар муҳраҳои гардан раванда растаанд, ҳашт ҷуфтанд. Як ҷуфт аз ду сӯрохи муҳраи (57) нахустин берун омада, танҳо андар мушакҳои сар пароканда шавад. Ин [асаб] хурд ва борик аст, зеро, чунонки андар боби устухонҳо ёд кардем, аз ҳама беш мавриди эҳтиёт ин аст, ки баромадгоҳи он танг бошад.
Баромадгоҳи ҷуфти дуввум миёни муҳраи нахустин ва дуввум аст, яъне ҳамон сӯрохеро дар назар дорам, ки андар боби устухонҳо ёд шуд. Бештари он ба сар ҳисси ламсро бирасонад. Ба ин тариқ, ки ба шакли вуреб ба сӯи бахшҳои болоии сутунмуҳра боло рафта, сипас ба сӯи пеш баргардад ва бар табақаи берунии гӯшҳо пароканда шуда, камбуди ҷуфти якумро пурра кунад. Ин [камбуд] ба иллати он аст, ки [ҷуфти якум] хурд аст ва имконият надорад, ки андар ҷойҳои рафта расидааш ба таври пурра парокандаю густурда шавад. Боқимондаи ин ҷуфт ба мушакҳои паси гардан ва мушаки паҳн пайваста бигардад ва ба онҳо [қуввати] ҳаракат бахшад.
Саргаҳ ва баромадгоҳи ҷуфти севвум аз сӯрохиест, ки миёни муҳраи дуввум ва севвум воқеъ аст ва ҳар фарде бар ду бахш гаштааст: 1) як бахш ба андаруни мушакҳое, ки андар онҳо шохаҳо дорад, хусусан мушаке, ки сарро якҷоя бо гардан печ диҳад, фурӯ рафта, пароканда шавад. Сипас ба назди хорҳои муҳраҳо барояд ва чун баробари онҳо ояд, ба буни онҳо андармонда, баъд ба сӯи сарҳои онҳо боло биравад ва бо он пайвандҳои пардагие омехта гарданд, ки аз он дандонаҳо растаанд. Сипас [асабҳои ин ҷуфт] бо ин пайвандҳо ба сӯи гӯш бигарданд. Онҳо андар [ҷинсҳои] ғайри инсон ба гӯшҳо расидаанд ва бинобар ин мушакҳои гӯшҳои [онҳо] ҳаракат кунанд; 2) бахши дуввум ба сӯи пеш раҳсупор шуда, то ба мушаки паҳн омада бипайвандад. Андар оғози боло баромаданаш рагҳову мушакҳо гирди онро печида, пинҳон кардаанд, то ки он андар нафси худ қавитар бошад. Вай инчунин бо мушакҳои ду гиҷгоҳӣ омехта шудааст ва андар чаҳорпоён бошад, бо мушакҳои гӯшҳо омехта бувад. Парокандагии он бештар андар мушакҳои ҳар ду рухсора ҷой дорад.
Ҷуфти чаҳорум аз сӯрохие, ки миёни муҳраҳои севвум ва чаҳорум аст, берун омада ва мисли ҷуфти пешин бар ду бахш ҷудо шудааст – як бахш сӯи пеш ва як бахш сӯи пас. Бахши

пешини он хурд аст ва бад-ин сабаб бо ҷуфти панҷум омехтааст. Гуфтаанд, ки аз он як шохае чун ошёни тортанак барояд, ки бар рӯи раги хоб дароз кашида, ба сӯи ҳиҷоби андар миён афтода фуруд ояд [ва] бар ду нимаи ин ҳиҷоб, ки синаро ду ним сохтааст, пароканда шавад. Бахши бузургтари он ба сӯи пас бигардад. Вай андаруни мушакҳо фурӯ рафта, то ба дандонаҳо бирасад ва чанд шохае ба сӯи мушакҳое, ки миёни сару гардан муштараканд, фиристода, сипас роҳи худро давом дода, ба сӯи пеш баргардад ва ба бахше аз рух ва андар баҳоим ба гӯшҳо бипайвандад. Гуфтаанд, ки [шохаҳое] аз он ба сӯи сутунмуҳра фуруд ояд.
Ҷуфти панҷум аз сӯрохие, ки миёни муҳраҳои чаҳорум ва панҷум аст, берун ояд ва ин низ бар ду бахш аст: як бахш аз ин ду ба сӯи пеш ояд ва хурдтари ҳар ду буда, [40] ба мушакҳои ҳар ду рухсора, ба мушакҳое, ки сарро ба сӯи пеш оранд ва ба дигар мушакҳое, ки миёни сару гардан муштараканд, бипайвандад; бахши дуввум бар ду шоха бигардад. Як шоха, ки андар миёни бахши якум ва шохаи дуввум аст, ба қисматҳои барсӯвини шона омада бирасад ва ҷузъе аз [ҷуфтҳои] шашум ва панҷум бо он биёмезад. Шохаи дуввум бо шохаҳои [ҷуфтҳои] панҷум, шашум ва ҳафтум даромехта, ба миёнҷои ҳиҷоб бидарояд.
Аммо ҷуфтҳои шашум, ҳафтум ва ҳаштум бошанд, онҳо аз дигар сӯрохиҳо паиҳам берун оянд. Баромадгоҳи ҷуфти ҳаштум андар сӯрохиест, ки миёни вопасини муҳраҳои гардан ва нахустини муҳраҳои сутунмуҳра муштарак аст ва шохаҳои он сахт омезиш ёбанд.
Лекин бештари ҷуфти шашум ба ҳамвории шона бипайвандад ва бархе аз он, ки аз бахши ҷуфти чаҳорум бешу аз бахши ҷуфти панҷум камтар аст, то ба ҳиҷоб бирасад.
Бештари ҷуфти ҳафтум ба бозу бипайвандад, ҳарчанд баъзе аз шохаҳои он шохаи ҷуфти панҷумро ҳамроҳӣ намуда, ба мушакҳои сару гардан ва сутунмуҳра бирасанд ва [сипас] ба ҳиҷоб бипайванданд.
Ҷуфти ҳаштум баъд аз омезишу ҳамроҳӣ кардан [бо дигар бахшҳо] ба пӯсти соиду оринҷ омада бирасад ва аз он чизе ба ҳиҷоб напайвандад. Лекин бахше, ки аз ҷуфти шашум ба сӯи даст биравад, аз шона нагузарад ва [бахши] ҷуфти ҳафтум аз бозу таҷовуз накунад. Аммо оне, ки аз шона ба сӯи соид ояд, бахши ҷуфти ҳаштум буда, ба сари [асабҳое], ки аз муҳраҳои сина растаанд, омехта бошад. Бахше аз ҳамин асабҳо барои ҳиҷоб аст, на аз асабҳои ҳароммағз, ки андар зери инҳост, то ки [асаби] ба ҳиҷоб воридшаванда аз баландӣ фуруд ояд ва ба бахшҳо ҷудо шудани он хубтар бианҷомад, хусусан агар нахустини мақсади онҳо пардае бошад, ки синаро ба ду ним сохтааст, зеро асаби ҳароммағз рост ва (58) аз ғайри шикастан ба кунҷ ба он ҷо расидан наметавонист.
Агар ҳамаи асабҳои ба ҳиҷоб фурудоянда аз мағз фуруд меомаданд, роҳи онҳо дароз мешуд. Маҳалли пайваст шудани ин асабҳо миёнҷои ҳиҷоб гардонда шудааст, зеро агар ба гӯшае, на ба миёнҷо, мепайвастанд, паҳну пароканда шудани онҳо андар [ҳиҷоб] баробару яксон намебуд ва ё агар ба ҷамеи муҳит мепайвастанд, ин кор баръакси маҷрои табиӣ мешуд, чунки мушакҳо бо гӯшаҳои худ ҳаракат диҳанд. Сипас муҳит аз ҳиҷоб ба ҳаракат ояд ва бад-ин сабаб боистӣ, ки поёни асаб бад-он омада бирасад, на ибтидои он.
Азбаски [асабро] воҷиб аст, ки ба миёнҷо бирасад, овезон будани он ба зарурат воҷиб омад ва аз ин ҷо воҷиб шуд, ки баҳри нигаҳдорӣ ҳимоят карда, бо парда пӯшонида шавад.

пешина
аз 1215
навбатӣ