Қонуни тиб

Инчунин баръакс.
Ҳар киро танаш дорои хилтҳои бад ва тунук бошад, бояд ғизои сутуда фаровон бихӯрад ва ҳар киро танаш зуд таҳлилёбанда бошад, бояд ғизои тари зудгуворанда бихӯрад.
Ҷолинус гуфтааст: «Ғизои тар он чизест, ки аз ҳар гуна кайфият холист ва гӯӣ бемаза буда, на ширин аст, на туруш, на талх, на тез, на гиранда ва на шӯр».
Тани ковок ба ғизои ситабр бештар аз тани фишурда бардошт дорад. Бисёр истеъмол кардани ғизоҳои хушк қувваро аз по биафтонад, рангро табаҳ созад ва табъро хушк кунад; равғанӣ ланҷ кунад ва иштиҳоро бибарад; сард ланҷ ва бемадор кунад; туруш зуд тарӣ оварад ва тез низ чунин бошад; бархе аз шӯр меъдаро зиён дорад; ва шӯр чашмро зиён бирасонад.
Агар аз болои ғизои равғанӣ ва созгор ғизои бад хӯрда шавад, онро табаҳ кунад, ғизои часпак ба оҳистагӣ фурӯ равад, ҳамчунин бодранг бо пӯст зудтар аз бодранги пӯсткарда ва низ нони хушкор зудтар аз нони [ордаш] бехтагӣ гузарад.
Ранҷбар агар ғизои латиф бихӯрад ва сипас баъд аз гуруснагӣ ғизои ситабре, мисли ширбиринҷ тановул кунад, хунро сахт тез намуда, биҷӯшонад ва ба раг задан зарурат пайдо кунад, ҳарчанд ки ба наздикӣ раг зада бошад. Шахси ба хашмомада низ чунин бувад.
Бидон, ки ғизои ширинро табиат пеш аз пухтан ва гуворидан бирабояд ва хунро табаҳ намояд.
Гоҳе ғизоҳоро аз ҷиҳати таълифашон ҳукмҳое ба миён оянд. Худовандони таҷриба аз аҳли Ҳинд ва ғайри эшон гуфтаанд, ки набояд ҳамроҳи ғизоҳои туруш шир ва ҳамроҳи шир моҳӣ хӯрд, зеро инҳо бемориҳои деррав, аз ҷумла ҷузомро ба мерос гузоранд. Низ гуфтаанд, ки мостро ҳамроҳи панир ва турб ва на гӯшти парандагон ва на пистро аз болои ширбиринҷ ҳаргиз набояд хӯрд, андар таомҳо равғанҳо ва пиҳҳоеро, ки андар ҷогаҳҳои мисин гирифта шудаанд, набояд истеъмол кард ва [гӯштеро], ки бар болои ахгари ҷузӯъ кабоб шудааст, набояд хӯрд.
Таомҳои гуногун аз ду рӯй зиён доранд, яке аз ҷиҳати гуногунии гувориш ва омехтани бахши гуворидаи он бо бахши ногуворида ва дуввум аз ҷиҳати он, ки аз онҳо бештар аз таоми якхела хӯрда шавад. Андар замонҳои пеш худовандони варзиш аз [ғизои гуногун] парҳез мекарданд, зеро эшон аз ин миён пагоҳӣ танҳо ба хӯрдани гӯшт ва бегоҳӣ ба хӯрдани нон иктифо доштанд.
Беҳтарин вақти ғизо хӯрдан ҳангоми тобистон вақти аз ҳама сардтар бошад.
Дер нигоҳ доштани гуруснагӣ гоҳе боиси аз зардобҳои бад пур шудани меъда бигардад.
Бидон, ки кабоб чун гуворида гардад, серғизотарин ғизо бувад, вале дер фуруд ояд ва андар кӯррӯда боқӣ бимонад.
Шӯрбо ғизои хуб аст ва агар бо пиёз бошад, бодҳоро биронад ва агар бе пиёз бошад, бодҳоро биҷунбонад.
Бархе аз мардум чунин ҳисобад, ки ангур аз болои сарбирён хуб аст, вале на чунин бошад, ки эшон пиндоранд, балки он ниҳоят бад бувад. Набиз ҳам чунин аст. Балки бояд аз болои он, масалан, анордонаи бе туфола хӯрда шавад.
Бидон, ки [гӯшти] тиҳу хушк аст ва шикам бибандад ва мурғчӯҷа тармизоҷ буда, [табиатро] бикушояд. Беҳтарин
мурғбирён онест, ки андар шиками бузғола ва ё барра бирён шуда бошад, зеро таровати он нигоҳ дошта хоҳад шуд.
Бидон, ки оби гӯшти мурғчӯҷа хилтҳоро сахттар аз оби гӯшти мурғ ба эътидол оварад, лекин оби гӯшти мурғ бештар ғизо диҳад.
Гӯшти бузғоларо сард [хӯрдан] беҳтар аст, зеро бухораш ором шуда бошад ва гӯшти барраро гарм [хӯрдан] хубтар аст, зеро бӯи бадаш гудохта бувад.
Зирабо барои каси гарммизоҷ бояд бе заъфарон ва барои каси сардмизоҷ бо заъфарон бошад.
Ҳалвоҳо агар бо шакар бошанд, чун полуда, ба сабаби судда ва ташнагӣ оварданашон баданд.
Бидон, ки зиёни ноне, ки гуворида нагардад, бисёр ва зиёни гӯште, ки ҳазм нашавад, камтар аз он аст.
Фасли ҳафтум андар тадбири об ва шароб
Беҳтарин об барои мизоҷҳои муътадил обест, ки андар шиддати сардӣ миёна бувад ва ё онро бо ях, хусусан агар яхи бекора бошад, аз берун сард карда бошанд. Ҳол андар яхи тоза ҳам ҳамин тавр аст, чунки оби он асабҳо, андомҳои (169) нафасгирӣ ва умуман андомҳои даруниро зиён дорад.
Онро ба ҷуз каси ниҳоят серхун таҳаммул кардан натавонад ва агар андар ҳол зиён накунад ҳам, вале ба гузашти рӯзгор ва солхӯрда шудан зиён хоҳад расонд.
Худовандони таҷриба гуфтаанд, ки оби чоҳ ва оби рӯд, то яке аз онҳо фурӯтар наравад, болои ҳам набояд ошомид.
Оид ба ихтиёри об бошад, мо бар он далолат кардем. Ислоҳи оби бадро бошад, низ [баён кардем] ва онро бо сирко омехтан ислоҳ кунанд.
Бидон, ки бар ношито, аз паси варзиш, гармоба кардан, хусусан агар шикам тиҳӣ бошад ва инчунин ба шаб аз барои ташнагии дурӯғин, чунонки бадмастон ва махмуронро чунин [ташнагӣ] рӯй диҳад ва ба ҳангоми бо гуворидани ғизо машғул будани табиат, ки раъйи кофие аз ин пеш оварда шуд, об ошомидан ниҳоят зиён дорад. Балки агар ин [зарурат] ба миён ояд ва ногузир бошад, бояд ҳавои сардро андар миён бикашид ва бо оби сард мазмаза кард, сипас агар бо ин қаноат ҳосил накунад, аз офтобаи гарданборик об биошомад, зеро ин гоҳе махмуронро муфид аст.
Бисёр бошад, ки ношито об ошомидан зиён наоварад. Касе, ки худро аз ошомидани ношито нигоҳ дошта натавонад ва хусусан агар ин баъди варзиш бошад, бояд пеш аз он шароби бо оби гарм омехта биошомад. Бояд каси ба ташнагии дурӯғин гирифтор бидонад, ки агар хоб биравад ва ё ба ташнагӣ сабр кунад, [ташнагӣ худ ба худ] бишканад, зеро табиат андар он миён моддаи ташнагиоварандаро ҳал хоҳад кард. Хусусан ин [ҳангоме хоҳад буд], ки сабру хобро бо ҳам ҷамъ сохта бошад. Агар ба [ташнагӣ] итоат карда, бо ошомидани об табиати пазанда хомӯш карда шавад, он ба сабаби боқӣ мондани хилти ташнагиовар дубора боз ояд.
Бояд обро хусусан худованди ташнагии дурӯғин якбора фурӯ набарад, балки ба шакли макидан биошомад. Оби бисёр сард ошомидан бад аст ва агар [ошомидан] лозим ояд ва ногузир бошад, бояд пас аз таоми кофӣ ошомид. Оби нимгарм маниши гаштан оварад. Оби зиёда аз он гарм агар бештар хӯрда шавад, кори меъдаро суст кунад ва агар гоҳгоҳе хӯрда шавад, меъдаро бишӯяд ва табиатро кушояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё