ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Ҷавондухтарони мо бояд шахсони босавод, соҳибмаърифат, фарҳангӣ, эҷодкор ва номбардори миллати қадима ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бошанд.
Инсоният дар ин марҳилаи хеле ҳассос ва мураккаби таърихӣ нисбат ба тамоми давраҳои дигар ба илму маърифат, ҳифзи арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, ҳамдиливу ҳамкорӣ ва меҳру рафоқат ниёзи бештар дорад.
Ба ин хотир, ман дар суханронии худ дар Сессияи Генералии XXXIII-юми ЮНЕСКО моҳи октябри соли гузашта пешниҳод карда будам, ки яке аз солҳои наздик «Соли ахлоқи ҳамида» эълон гардад ва дар ҷараёни он принсипҳои беҳтарини ахлоқи умумиинсонӣ таблиғ карда шаванд.
Имрўз, ки бар асари рушди бозори иттилоот арзишҳои ахлоқии барои миллати фарҳангии мо бегона озодона тарғиб мешаванд, рў овардан ба тарзи зиндагии солим, арзишҳои волои ахлоқи миллӣ ва сиришти неку маънавиёти пок, махсусан ба ҷавондухтарони мо зебандаву зарур аст.
Дар ҳадисҳои Паёмбари ислом ахлоқи наҷиб ва маърифату донишандўзӣ тавсиф шуда, онҳо василае барои расидан ба мақсуд ва пос доштани имон шуморида мешаванд.
Яке аз масъалаҳои муҳими зиндагӣ, ки дар назди аҳли ҷомеаи мо, бахусус ҷавонону ҷавондухтарон қарор дорад, танзими оила аст. Мақсад аз тадбирҳои танзими оила пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи маърифати занон, таҳким бахшидани мавқеи онҳо дар ҷомеа, ҳифзи саломатии онҳо ва тарбияи наслҳои рўҳану ҷисман солим ва ташкили оқилонаи оила мебошад.
Мувофиқи маълумоти барўйхатгирии умумии аҳолии Тоҷикистон (соли 2000) ҳайати ҳар як оилаи мардуми мо ба ҳисоби миёна шаш нафариро ташкил медиҳад, ки таъминоти ҳамаҷонибаи он барои сардорони оила хеле мушкил аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё