ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Албатта дар мавриди сар задани муноқишаи ҷавонон падару модарон, пирони рўзгордида ва кормандони мақомоти адлия бояд тамоми имкониятҳоро истифода намуда, оилаҳоро бо ҳам оштӣ диҳанд ва нақши худро барои пойдории ҷомеа гузоранд.
Оилаи солим як омили муҳими пойдории давлат аст ва маҳз фарзандони соҳибмаълумот, бомаърифат ва оқилу зирак ба қадри падару модар, миллат ва Ватани азизашон расида, номбардори сазовори давлати соҳибистиқлоли хеш мегарданд.
Бори дигар таъкид кардан мехоҳам, ки зан-модар пеш аз ҳама сарчашмаи меҳру шафқат, чароғи хонадон, тарбияткунандаи ахлоқи поку ҳамида, ҳидоятгари роҳи ростӣ, тарғибгари суннату анъанаҳои солими гузашта ва арзишҳои пурқимати ҷомеа мебошад.
Дар ҳаёти имрўзаи мо инчунин ҳодисаҳое ба чашм мерасанд, ки ба шаъну шарафи зан-модар, бахусус зани тоҷик чандон зебанда нестанд. Ҳарчанд ки гуфтани чунин суханҳо дарднок аст, вале дар давоми даҳсолаи охир шаклҳои нави зўровариву хушунат зуҳур карда, истифодаи занон барои интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ва бо мақсадҳои нопок ба хориҷи кишвар бурдани духтарон ба назар мерасад.
Мувофиқи маълумоти Прокуратураи генералӣ дар се соли охир 329 нафар занон, аз ҷумла 88 нафари онҳо дар хориҷ аз Тоҷикистон бо гуноҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соли 2005 81 ҷинояти вобаста ба хариду фурўши одамонро ба қайд гирифтаанд, ки дар байни онҳо ҳатто 9 ҳодисаи хариду фурўши ноболиғон ҷой дорад.
Ин масъаларо Ҳукумати Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ муҳокима намуда, парламенти мамлакат Қонун «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон»-ро қабул кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё