ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Илова бар ин, ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вазоратҳои молия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ супориш дода мешавад, ки дар хусуси аз 1 апрели соли ҷорӣ ба андозаи 50 фоизи нафақаи ҳадди ақал зиёд кардани нафақаи занони бесаробон ва яккаву танҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, лоиҳаи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва пешниҳод гардонанд.
Хонумҳои мўҳтарам!
Тарбияи фарзанди солим, бомаърифату соҳибмаълумот, ватандўсту ватанпараст ва бонангу номус вазифаи муҳим ва муқаддаси оила ва пеш аз ҳама модарон мебошад.
Модар нахустин мураббии фарзанд буда, фарзандонро дар мактаби оила ба камол мерасонад. Аз ин лиҳоз, оила макони тарбияи камолоти маънавию ҷисмонии фарзанд аст ва ҳар як модар бояд дар тарбияи фарзанди худ нақш ва масъулияти ҳалкунанда дошта бошад. Модар фарзанди худро тавре ба камол расонад, ки ба гуфтаи халқ ба боғи падар табдил ёбад.
Воқеан фарзанд сухани аввалинро низ аз забони модар ёд мегирад. Забон хишти аввалини кохи миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад.
Аз ин хотир, модарону хоҳарони мо вазифадоранд, ки ба фарзандонашон ҳарчи бештар ва амиқтар омўхтани забони адабиро талқин намоянд.
Шумо – модарону хоҳарони азиз, дар ҳамаи давраҳо нигоҳдорандаи забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ ҳастед ва барои покиву равонии он нақши асосӣ доред.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё