ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Воқеан занони тоҷик дар лаҳзаҳои ҳассоси таърих ҳамеша нақш ва мақоми устувор доштанд. Онҳо дар майдони мубориза барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ бо ҷасорату далерӣ ва нангу номуси мардона корнамоиҳои ҳайратовар нишон додаанд.
Занону духтарони мо дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон дар шикасти фашизм низ саҳм гирифтаанд. Аз 290 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон, ки дар муҳориба бар зидди фашизм иштирок намуданд, 180 нафарашон занон буданд. Мо имрўз номи Ойгул Муҳаммадҷоноваро, ки бо тайёраи ҷангии худ ба муқобили фашизм қаҳрамонона мубориза бурдааст, бо ифтихор ба забон оварда метавонем.
Ҷанги шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-ум бо фоҷиаву қурбониҳои мудҳиши худ, пеш аз ҳама дар қалби занону модарон захми сўзон гузошт.
Дар он рўзҳои сахту сангин ҳазорҳо занон аз шавҳар, модарон аз фарзандони худ маҳрум шуданд, ки таҳаммул кардани ин талафот ниҳоят талху вазнин буд.
Бо вуҷуди ин, занону модарони Тоҷикистон дар он лаҳзаҳои бениҳоят ҳассос оқилона рафтор карда, барои аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик, расидан ба ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот хизмати шоиста карданд.
Яъне дар барқарор намудани сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллии тоҷикон, ки имрўз аз ҷониби бисёр кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун таҷрибаи нодир пазируфта шудааст, ҳиссаи модарон, занон, хоҳарон ва духтарони мо ниҳоят бузург аст.
Барои ин хизмати таърихияшон меарзад, ки бори дигар ба ҳамаи онҳо изҳори миннатдориву сипос намоем.
Агар дар хотир дошта бошед, дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё