Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Ходимон чун зану духтари шоҳро бидиданд, хуррам шуданд ва хабар ба шоҳ бурданд. Арманшоҳ чун ин хабар шунид, хуррам шуд ва пешоте ба дили вай расид ва он соат буд, ки Қизилмалик бозгашта буд, то аспро бадал кунад. Арманшоҳ гуфт:
— Ҷони падар, чаро бозгаштӣ?
Қизилмалик гуфт:
— Он савор Хуршедшоҳ аст. Донам, ки эшон ҷанги пил надидаанд ва бо пил ҷанг надонанд кард. Маро пиле фармой, то дар майдон шавам ва бо Хуршедшоҳ бигардам.
Арманшоҳ он ҳадиси модару хоҳар бигуфт. Бифармуд, то аз миёни пилон яке баргузиданд, номи ӯ Бодпой — пиле ҷангӣ, размӣ, кордида, ба баргустувон ораста ва халхолҳои зарин дар пою даст карда ва амуде гарон бар хартум баста ва бар пушти пил тахте ниҳода. Қизилмалик барнишаст бо бист марди пилбон. Мардон аз боло бо силоҳи тамом ва оташу нафт ва Хуршедшоҳ дар миёни майдон ҷавлон мекард.
Аз ҳар ду ҷониб лашкар ба назора истода ва Маҳпарӣ бо лоло Салоҳ бар гӯшае истода, то Қизилмалик рӯй ба майдон ниҳод.
Хуршедшоҳ чун Қизилмаликро бар пушти пил дид, ки ба майдон омад, гуфт: «Ин ҳаромзода бин, ки ғадр кард». Нигоҳ мекард, то пил наздики Хуршедшоҳ расид. Аз қазо аспи шоҳ бо пил баромада буд ва ҷанг бо вай карда ва густохвор рӯй ба пил ниҳод. Хуршедшоҳ далер мерафт ва Арманшоҳ назора мекард ва мегуфт, ки:
— Магар Хуршедшоҳ бо пил баромадааст, ки сахт густох пеши пил меояд? Азим далер паҳлавонест.
Тайроки паҳлавон гуфт:
— Эй шоҳ, Хуршедшоҳ аз он паҳлавонон нест, ки ӯро ба пил аз пой дартавон овардан. Мардона паҳлавон аст.
Ду пили дигар дар майдон бурданд, ороста. Бар пушти пил бист мард бо тиру камон ва почаху¹ нафту оташ. Се пил бо шаст мард перомуни Хуршедшоҳ. Асп ҳарос гирифт ва пиҳ-пиҳ мекард. Хуршедшоҳ чун бидид, ки аспи ӯ битарсид, ба дасторча чашми асп барбаст ва ба ҷанги пил даромад. Пили Бодпой қасди Хуршедшоҳ кард. Хартум барафрошт, то амуд бар фарқи ӯ занад.
1 Почаҳ — найзаи хурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё