Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эй шоҳ, на ин қарор буд. Бад-ин марди ин ҳама ошӯб дар ҷаҳон афкандай? Куҷо равӣ? Агар имрӯз биравӣ, фардо ҳамин кор аст.
Фаррухрӯз гуфт:
— Ман шоҳ нестам, ман Фаррухрӯзам, бандаи шоҳ.— Ин бигуфт ва бирафт.

Қизилмалик бар ҷой фурӯмонд, гуфт: «Эй дареғо, пиндоштам, ки сайде кардам ва шоҳро ба дом овардам, не чунон буд, ки гумони ман буд».— Дар майдон ин андеша мекард, ки аз он ҷониб Хуршедшоҳ дид, ки Фаррухрӯзро захм расид ва ба ҳазимат биёмад. Силоҳ хост, то биёварданд. Шоҳзода ба зону даромад ва сари айбаи силоҳ боз кард ва силоҳ бадар овард. Дувоздаҳто ҳарири чинӣ дарпӯшид аз баҳри хунукии андом ва ҷавшани хурдғайбаи ноҳунакӣ... бо чаҳордаҳ пора силеҳ дарпӯшида буд. Рикобдор меомад ва аспе овард, ки агар ба сифати он машғул шавем, панҷоҳ муҷаллад 1 гуфта шавад. Чунин аспе ороста пеши Хуршедшоҳ овард. Пои чап дар рикоб ниҳоду бар ин асп савор гашт ва рӯй ба майдон ниҳод. Наъразанону чавлопкунон барӯбари Қизилмалик омад ва лаъб намуд.

Қизилмалик дар қадду боло ва куполу 2 асп ва созу салаби 3 ӯ нигоҳ кард, гуфт:
— Эй озодмард, агар мардӣ, рост бигӯй, то туро ном чист?
Хуршедшоҳ гуфт:
— Эй нодон, кас аз офтоб нишон пурсҳад? Ё чашман хуршедро ба гил пинҳон тавон кард? Номард касе бошад, ки ӯро [аз] номи худ нанге бошад. Номи ман Хуршедшоҳ аст, фарзанди Марзбоншоҳ — подшоҳи Ҳалаб ва Шому Шимот ва Ироқу Хуросон ва Форсу Бағдод ва Мозандарон. Мардон номи худ пинҳон надоранд. Агар мардӣ, биёвар, то чӣ дорӣ бо ин ҳама, ки чустуҷӯе мекунӣ. Набард маро хостӣ, инак омадам.

Қизилмалик чун Хуршедшоҳро бидид бо он ҳама ҳайбату сиёсат гуфт:
— Эй шоҳ, дастурӣ бидеҳ, то аспро бадал кунам, ки суст шудааст.
Хуршедшоҳ гуфт:

1 Муҷаллад — ҷилд;
2 Купол — гурз;
3 Салаб — навъе аз либоси ҷанг.

пешина
аз 283
навбатӣ