Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
— Эй фарзанд, намедонӣ, ки чӣ мегӯйӣ. Худро дар ҳалок маяфкан ва коре макун, ки аз ин пушаймон шавӣ ва суде надорад. Ту мебош, то лашкар дар майдон мераванд ва ҷон пеши ту фидо мекунанд, ки агар ҷумлаи сипоҳ кушта шаванд, дӯсттар дорам, ки як мӯй аз сари ту кам шавад. Лашкар аз баҳри ин доранд, то подшоҳро ғамхорагӣ кунанд, аз баҳри рӯзе чунин, ки ҷон пеши подшоҳ сипар кунанд.
Бисёр аз ин ба Қизилмалик бигуфту қабул накард. Гуфт:
— Эй падар, туро аз дарди ман огоҳӣ нест. Ман беш аз ин тоқат надорам. — Ин бигуфт ва асп дар майдон ҷаҳонид, аспе тозинажод, чун кӯҳпорае. Гуфтӣ боду обу оташ аст. Лаъбкунону наъразанон пеши Абри Сиёҳ омад ва бонг бар вай зад. Гуфт:
— Эй фурӯмоя, пиндорид, ки мард андар ҷаҳон намонд, ки ту худро чунин барафрохтай? Биёвар, то чӣ дорӣ аз мардӣ, то захми синони мардон бибинӣ! — Ин бигуфт ва найза бар найзаи Абри Сиёҳ афканд.
Чандон таъна миёни эшон рад шуд. Найзаҳо аз даст бияндохтанд, даст ба теғи захролуд бурданд ва бар сару фарқи якдигар мезаданд, то ҳарду дар ҷанг гарм шуданд.
Қизилмалик гарм шуд, гуфт: «Маро бо ин мард ин ҳама рӯзгор чист?» — Дар зин қоим биистод, теғ бар фарқи Абри Сиёҳ фурӯгузошт. Абри Сиёҳ дарак бар фарқ ниҳод, ки теғ бар фарқ омад ва ба ду ним карду ба худ расид ва бибуриду ба фарк расид ва то миёни ду обрӯ бишикофт. Хун ба рӯи Абри Сиёҳ фурӯд омад. Ҷаҳон пеши чашми ӯ торик шуд. Аз он захми рӯй ба ҳазимат ниҳод ва бирафт.
Чуни Қизилмалик дид, ки Абри Сиёҳ бигурехт аз пеши захми ӯ, баробари қалби лашкари Хуршедшоҳ омад, гуфт:
— Эй Хуршедшоҳ, ин ҳама ҷангу ошӯб аз баҳри чӣ мебошад, ки талабкори Маҳпаррием ва чандин ҳазор халқ сар дар хок шуд? Агар на аз сабаби Маҳпарӣ будӣ, ман аз куҷову ту аз куҷо. Акнун кор афтод. Муддати як сол аст, то дар ин ранҷу бало мондаем ва оламе аз мо дар ранҷанд. Дар майдон хиром, то ману ту якдигарро биозмоем, то давлат киро ёрӣ диҳад ва ин лашкар аз дасти мо бираҳанд.
Хуршедшоҳ ин бишнид, аз асп пиёда шуд. Гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё