Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
мегуфтанд. Дигар гуфт: «Яздон коре сохт, ки ишонро ҳама дар шаб бозоварданд бо зану духтари шоҳ». Дигар гуфт: «Лоло Анбар бо Самак ёр шуд ва он кор бикарданд». Қонун гуфт:
— Самак дар миёни ишон куҷост?
Ишон гуфтанд:
— Ӯ марди нодошт аст. Дар пас афтодааст, ҳаргиз ба маҳфил наёяд.
Яке гуфт:
— Самак ба шаҳр рафтааст ба коре.
Қонун маълум кард, ки Самак дар шаҳр аст, ки Шаҳрон аз боргоҳ берун омад хилъат пӯшида. Пой ба асп даровард, бо он мол ки оварда буд, бирафт.
Аз он ҷониб Армани паҳлавон бо Озарҷӯш ба боргоҳ омаданд бо нишоту хуррамӣ. Дониста буданд, ки шоҳ ба саодату толеи саъд ба макарри шоҳӣ бозомадааст.
ПАС ҳар ду ҷавон пеши тахт расиданд, хизмат карданд ва заминро намоз бурданд. Хуршедшоҳ ишонро бинавохт. Аз шоҳ Фағфур хабар пурсид. Ҳар яке бигуфтанд ки Ҳомони вазир нома навишта буд ба Фағфур ва аҳвол гуфта, ки шоҳзода ба саломат аст. Дар боргоҳ ба шароб хӯрдан машғул шуданд.
Аз он ҷониб Шаҳрони вазир пеши Арманшоҳ омад ғамнок. Гуфт:
— Эй Шаҳрон, мол чаро бозовардӣ?
Шаҳрон аҳвол, ки Хуршедшоҳ гуфта буд, бозгуфт:
Арманшоҳ гуфт:
— Рост мегӯянд, гуноҳ мо кардем ва ҷурм бар ишон менихем.
Шаҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, акнун кор афтод ва кор аз чора гузашт, хомӯш будан раво нест, ки ишонро лашкар аз Чин расид ва моро мадад омаданд. Тадбир он аст, ки кори ҷанг бисозем ва масоф кунем, то иқбол киро ёрӣ диҳад.
Қизилмалик гуфт:
— Эй падар, ҷуз ҷанг маслаҳат нест. Теғ мебояд задан, то корҳо равшан шавад.
Шох гуфт:
— Нақибони лашкарро ҳозир гардонед.— Чун биёмаланд, гуфт:— Сипоҳро бигӯед, ки фардо масоф аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё