Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
буданд. Ишонро бикшод. Чун ин ҳама кор карда буд, вақти он буд, ки рӯз равшан шавад. Лоло гуфт:
— Эй паҳлавон, аз ин ҷо бадар натвон рафтан. Агар маслиҳат мебинӣ, ин ҷо бош, то бибинем, ки чун хоҳад будан, он гоҳ меравем.
Самак бар вай офарин кард ва гуфт:
— Ту донӣ.
Пас ба ватангоҳи ӯ омаданд. Самак он ҷо буд. Лоло ба дари сарой омад. Ҳоҷибе даромаду гуфт:
— Шоҳ Меҳрони вазирро мехонад.
Сиёҳ гуфт:
— Саҳаргоҳ берун шуд, гуфт: «Пеши шоҳ меравам».
Арманшоҳ бо Шаҳрони вазир аз шаҳр берун омад. Чун ба лашкаргоҳ расид, овози кӯси ҳарбӣ баромад. Шоҳ аз ниҳеби лашкари Хуршедшоҳ ба Меҳрони вазир напардохт, ки ӯро талаб кунад. Арманшоҳ биёмад ва дар қалб биистод, ки аз лашкари Хуршедшоҳ саворе асп дар майдон ҷаҳонид, бар аспе тозӣ савор гашта ва худро бар чанд пора силеҳ ороста. Соате ҷавлон кард ва лаъб на-муд. Пас баробари лашкари Арманшоҳ омад ва гуфт:
— Хар кӣ маро донед ва ҳар кӣ надонед, манам Хурмузи Кел, бандаи Хуршедшоҳ. Биёед ҳар кӣ мардо-ҷатар ва паҳлавонтар.
Хурмузи Кел аз ин маънӣ мегуфт ва аз дасти рости лашкари Арманшоҳ саворе асп дар майдон ҷаҳонид ба кирдори бод ва аз болои асп марде баландболо худро ба чанд пора силеҳи мардона ороста буд. Наздики Хур-музи Кел омад, бонг бар вай зад. Гуфт:
— Эй нокас, чист ин ҳама ошӯб? Магар мардон на-дидай?
Хурмузи Кел гуфт:
— Эй нодон, магар аз ҷони худ сер омадай, ки пеши ман ба мардӣ омадай? Магар маро намешиносӣ? Бигӯй, то номи ту чист?
Он ҷавон гуфт:
— Маро ном Шодбахт аст ва ба ҳақиқат, ки аз бах-ти худ шодам. Биёвар, то чӣ дорӣ?
Ин бигуфтанд ва найза бар найзан якдигар афкан-данд. Бисёр таъна миёни ишон рад шуд, то Хурмузи Кел даромад ва найза зад ба рони Шодбахт, чунон ки сари найза бар шиками асп афтод. Чунон ки Шодбахт ҳаргиз аз бахти худ шод набуд.
Хурӯшу шӯдй аз лашкари Хуршедшоҳ баромад. Зогиву

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё