Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
дари худро бознитавонам дошт ва бад-ин кор худро ошкоро натавонам кардай. Чора чист? Надонам чун кунам? Ва бими ҳалоки Самак бувад» Рӯзафзун ҳол мушоҳида кард, бар ҷони Самак битарсид. Бо худ гуфт. «Эй нафс, ба ҷавонмарди кор бикунам, ки то ҷаҳон бошад, паман бозғӯянд ва аз ин кор номи гардам, агарчи хатост ва на кори мардон аст».— Ӯ бугуфту корд баркашид ва ба бародар даромад. Корд бизад ва бар миёни пушти ӯ чунон ки аз синаи вай берун омад. Беҳзод дам барнаҷвард ва бимурд.
Самак берун омад, якеро дид, корд бар кашида ва истода ва Беҳзодро куштаву афканда. Самак донист, ки аз дӯстон аст, гуфт:
— Эй озодмард, бигӯ то кистӣ ва ин ҳама ҷавонмардӣ мекунӣ дар чунин вақте, баъд аз он ки сари ман ноис намсерзад?
Духтар гуфт:
— Бирав, сари хеш гир, ки гуфтан нест. Агар гӯям,
тӯҳматзада бошам, шарт нест. Агар талабкори ман бошӣ, бибӯй, ки чӯйла бабанда бошад.
Ин бигуфт па бозгашт.
Самак гуфт: «Ба издони додори кирдигор, ки ин шахс ҳамон аст, ки маро дар ин сарой аз банд раҳонид. Шод бош, ки ду навбат маро аз ҳалок бираҳонид. Агар донистаме, ки кист, камари бандагии ӯ дарбастаме ва то зинда будаме, ба хизмати ӯ биистодаме». Аз ин гуна бо худ мегуфт, то ба сарои ду бародарони қассоб расид.
Аз ин ҷониб Рӯзафзун пеши доя омад, гуфт: «Ин ҳар чаҳор ба сарои Гулбаҳор мебарам, то эшонро тартиб бисозам ва биктарам, ки эшонро ба лашкаргоҳ тавон бурданд».— Пеши эшон омад ва гуфт:
— Эй озодмардон, шуморо пеши зани шоҳу духтар па Дурдона мебояд рафтан, то тартиби шумо бисозам па ба лашкаргоҳ фиристам. Дил фориғ доред, ки паҳлавони Самак ба коре машғул аст. Маро бар ин кор бидоштааст.
Пас ҳар чаҳорро ягон-ягон ба сарои Гулбаҳор овард ва бинишонду Гулбаҳорро ба сари эшон бидошт, то темор медорад ва ғамхорагӣ мекунад. Ва худ бозгаштӯ пеши доя омад.
Аз он ҷониб Самак ба сарои ду бародарони қассоб омад, ҳеҷ кас надид, фурӯ монд. Гуфт:
— Эй Ерӯх, кас бад-ин ҷойгоҳ наёмамад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё