Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
- Аммо аз он рӯзе Улуғбекро куштанду расадхонаи ӯро ваёрону валангор карданд, - гуфт Аҳмад, - дар мулки мо мушоҳидаи фазову осмон дигар сурат нагирифт».
Р. Ҳодизода хеле бамаврид пай бурдааст, ки муносибатҳои байни Бухоро ва Русия на ҳама вақт ҳамвору устувор буданд ва аз ин пеш аз ҳама «паймоншикании волиёни Мовароуннаҳр» сабаб шудааст. Аммо муаллифи романро зарур буд, ки сабаби асосии масъала, яъне тафовути дину мазҳаб ва ба ҳам созгор наафтодани характер ва психологияи Шарқию Ғарбиро низ нишон диҳад.
Муаллиф дар як вақт кӯтаҳандешӣ, шовинизми бузургталошии баъзе саркардаҳои иртичоии Русияи подшоҳиро нисбат ба кишвару халқҳои ғайрирус, пеш аз ҳама, ба Бухоро ва халқи тоҷик ошкор карда, тамоман нодуруст ва ғайритаърихӣ будани андешаҳои капитан Валошин барин «солдатҳои вафодори Русияи подшоҳӣ»-ро хеле муассир нишон медиҳад.
Капитан Волошин манзараи ҳаракати аскари амирро тамошо карда ба шарқшиносони дар паҳлӯяш будаи рус - Струве ва Лерх рӯ оварда мегӯяд:
-
Ҷаноби олӣ бо ҳамин аскару лашкар ба хони Хуқанд зафар ёфтаанд?.. (На Струве ва на Лерх чизе нагуфтанд). - Агар лашкари музаффар ба ҳамин аҳвол бошад, вой бар ҳоли аскари мағлубшудаи Хӯқанд!
-
Ҳо, манзараи хеле хузновар, ҷаноб! - баъди лаҳзае гуфт Лерх.
Ин манзараи мудҳишро капитан (бо кибру ғурур) ва шарқшинос (бо ҳисси дилсӯзӣ) мефаҳманд. Давоми муқолима масъаларо тамоман равшан мекунад. Инаш аҷиб аст, ки мулоҳизаҳои ғайритаърихии капитани русро Аҳмади Дониш не, балки ходимони илм ва давлати рус маҳкум мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё