Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ро бо шарҳу луғот ба чоп расонид. Тасаввуроте ҳосил мешавад, ки ӯ дар ин ришта кори устоди худ Айниро идома додааст.

Дар аввали солҳои 60 бо тавсияи академики шодравон Абдулғанӣ Мирзоев роҳбарии проблемаи омӯзиши таърихи адабиёти форсу тоҷик ба ӯҳдаи Р. Ҳодизода гузошта шуд. Ӯ ҳамчун роҳбари Шӯъбаи таърихи адабиёт нахуст дар Институти шарқшиносӣ ва осори адабӣ ва сипас аз соли 1972 дар Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ фаъолият дошт. Ин солҳо давраи ниҳоят пурмаҳсули Р. Ҳодизода дар риштаҳои гуногуни илмию ташкилӣ буд. Пеш аз ҳама ӯ корҳои илмии тадқиқотииашро дар омӯзиши аҳвол ва осори Аҳмади Дониш ва доираи адабии Бухоро ҷамъбаст намуда соли 1969 дар мавзӯи «Аҳмади Дониш ва адабиёти маорифпарварии тоҷик» дар Институти шарқшиносии Маскав рисолаи докторӣ ҳимоя намуд.

Дар аввали соли 1972 ӯ бо иштироки донишмандони Шӯъбаи таърихи адабиёт ба таълифи силсилаи таърихи адабиёт шурӯъ намуд. Ин кори саҳл набуд. Аввал ин ки шахсоне буданд, ки ба амалӣ шудани ин кор бовар надоштанд ва аз ин рӯ монеаҳо низ мегузоштанд. Аммо Р. Ҳодизода ва шогирдонаш дар ин кор камари ҳиммат сахт баста буданд. Натиҷаи заҳамоти чандинсола буд, ки 11 китоб дар таърихи давраҳои адабиёти тоҷик аз садаи XIV то ибтидои садаи XX таълиф гардид.

Дар зимни ин кори бузург чандин муаллифони таърихи адабиёт бо роҳбарии Р. Ҳодизода рисолаҳои докторӣ ҳимоя намуданд — Садрӣ Саъдӣ, Усмон Каримов, Аҳмад Абдуллоев, Амирбек Абибов ва... Дар ин маврид бояд гӯем, ки Р. Ҳодизода дар тайёр намудани мутахассисони адабиёти классикӣ хизматҳои шоистае дорад. Зиёда аз 15 номзад ва 8 доктор рисолаҳои худро бо роҳбарии Р. Ҳодизода дифоъ намудаанд. Ҳамаи ин

пешина
аз 315
навбатӣ