Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

«Сардафтари назми классики тоҷик устод Рӯдакӣ»-ро чоп кард, ки дар бораи аҳамияти осори шоир ва мазмуну маонии баланди ашъори суханвари бузург сухан ронда, ӯро ба хонандагони рӯзнома муаррифӣ менамояд.

Расул Ҳодизода ҳанӯз дар яке аз аввалин мақолаҳои худ «Тадқиқоти илмии Садриддин Айнӣ оид ба таърихи адабиёти тоҷик» ба саҳми устод Айнӣ дар таҳқиқи аҳволу осори Рӯдакӣ ишора намуда, хизмати ӯро дар пайдо кардани қабри Одамушшуаро таъкид намудааст.3 Солҳои баъд мақолаҳои дигари илмии ӯ «Дар тадқиқи осори Рӯдакӣ», «Рӯдакӣ ва муҳити адабии ӯ», «Пеш аз Рӯдакӣ»
дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ мерасанд. Ин мақолаҳо, ки дар маҷмӯаи «Аз Рӯдакӣ то имрӯз»
ҷамъоварӣ ва нашр шудаанд, барои равшан намудани масъалаҳои гуногуни аҳволу осори шоир мадад мерасонанд. Аз ҷумла дар мақолаи «Пеш аз Рӯдакӣ»
заминаҳои таърихии ташаккулу ривоҷи адабиёти тоҷик дар асри Х нишон дода шудааст. Муаллиф чор маншаи равнақи адабиётро дар ин давра мавриди баҳс қарор додааст, ки аз вуҷуди забони форсии дарӣ ва ашъор ба ин забон то ин давра, суннатҳои назми арабизабони тоҷик ва мазмунҳои адабиёти тоисломӣ иборатанд.

Муқаддима ва тавзеҳоте, ки Р. Ҳодизода ба
маҷмӯаҳои осори Рӯдакӣ навиштааст, низ ҷанбаи илмӣ
дошта, ба ҳалли масъалаҳои норавшани осори шоир
мусоидат менамоянд, ки тасҳеҳи матни ашъори шоир аз
ҷумлаи онҳост. Аз ин ҷост, ки ӯ солҳои охири умр ба
масъалаи таҳияи матни осори боқимондаи шоир машғул
шуд. Махсусан, пас аз таъсиси «Бунёди Рӯдакӣ» дар соли
1999, ки сарвари он интихоб гардид, ӯ ба таври ҷиддӣ ба
ин кори муҳим машғул шуд. Дар ин бора ӯ дар мақолаву
мусоҳибаҳои худ «Рӯзи Рӯдакӣ», «Рӯзи Рӯдакӣ ва Бунёди
Рӯдакӣ» сухан ронда, барои ба таври расмӣ рӯзи 22-
сентябрро эълон намудани «Рӯзи Рӯдакӣ» кӯшиши зиёд

пешина
аз 315
навбатӣ