Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Расул Ҳодизода дар арсаи насри бадеӣ ҳам қувваозмоӣ кардааст ва хонандагон ӯро ҳамчун нависандаи соҳибзавқ мешиносанд. Ӯ, махсусан, дар навиштани ҳикояву қиссаҳои таърихии "Бӯи Ҷӯи Мӯлиён", "Қасидаи доггоҳ", "Сапедадам", "Парвози Шоҳин", "Танбӯри дилкаш" маҳорати зиёд ба харҷ додааст, ки дар онҳо симои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фаррухии Систонӣ, Аҳмади Дониш, Шоҳин, Дилкаш барин адибону санъатварони маъруф ва лаҳзаҳои ҷудогонаи рӯзгори пурфоҷиаи онон ба қалам омадааст. Романи "Ситорае дар тирашаб" тасвири пуробуранги рӯзгори пуршӯри адиби донишманди барӯманди асри XIX Аҳмади Дониш ва замони пурфоҷиаи ӯро дар бар мегирад.

Ба қалами Р. Ҳодизода тарҷумаи тоҷикии "Хотироти шикорчӣ" ва "Арафа"-и И. С. Тургенев, ҳикояҳои В. Гюго, Лю Бай Юй, Ф. Кнорре барин адибони халқҳои гуногуни олам тааллуқ дорад.

Ӯ дар тартибу танзими маҷмӯаҳои гуногуни илмӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, таҳрири асарҳои адабиётшиносӣ ва тарбияи олимони ҷавон хизмати шоистае ба ҷой оварда буд.

Р. Ҳодизода аз ибтидои фаъолияти адабиётшиносии худ то поёни умр ба аҳволу осори бунёдгузори адабиёти форсии тоҷикӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таваҷҷуҳи зиёд дошт.

Дар омодагӣ ва баргузории ҷашни 1100-солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки соли 1958 дар Тоҷикистон хеле бошукӯҳ гузашт, як гурӯҳ донишмандони тоҷик таҳти сарварии академик Абдулғанӣ Мирзоев саҳми арзанда гузоштанд, ки Расул Ҳодизода аз зумраи онҳо буд. Ӯ дар ҷамъоварии осори устод Рӯдакӣ ва пешгузаштагону муосиронаш шаркат варзида, аз ҷумлаи баргузоркунандагони симпозиуми

пешина
аз 315
навбатӣ