Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
воқеияти зиндагиро менависад ва мекушад ба одамони гуногуне, ки дар тӯли зиндагӣ бо эшон муносибат дошт, баҳои холисона диҳад ва аксаран аз хубиҳояш бигӯяд, умедвори раҳмату мағфирати гузаштагон ва дарозумрии зиндагон мебошад. Қисмати охир — хотимаи китоб як навъ руҷӯи фалсафиву ахлоқиест, ки ҳадафи аслиаш кӯшише андар худшиносист, зеро барҳақ, «Ҳар кӣ худро бишнохт, Худои худро шинохта бошад».
Аз таълифоти хеле мӯътабари муаллим Расул Ҳодизода дар солҳои охир китоби «Самарқанднома» мебошад, ки аввал ба хатти форсӣ (соли 2002) ва соли 2007 аз ҷониби нашриёти «Адиб» ба хатти имрӯзаи тоҷикӣ чоп шуд. Ба ҳамагон возеҳ аст, ки сайқали рӯи замин — Самарқанд гаҳвораи тамаддуни тоҷикон мебошад ва ин китоб хонандаро ба сайри таърихии шаҳри бостонӣ бурда, ӯро бо шебу фарозҳои он дар тӯли 2750-соли мавҷудияташ шинос мекунад, баъдан ба суроғи гузарҳо, осори меъмории таърихӣ, мадрасаву бозор, корвонсарой, васоили ҳамлу нақл, ҳаммомҳои шаҳр мебарояд, бо расму таомули хос ва паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти мардум ошно мешавад. Ба ибораи дигар, ин китоб пайкест, ки паёми Самарқанди имрӯзаро ба фардоҳо мебарад.
Расул Ҳодизода дар оғози фаъолияти илмию адабиаш муддате ба тарҷумаи бадеӣ низ машғул шуда, ҳикояҳои «Модар»-и Ф. Кноре, «Ҳиссаи писарам»-и Е. Кошевая, қиссаҳои «Помешикони қадима»-и Н. В. Гогол, «Рӯзи охирини маҳкумшуда»-и В. Гюго, «Арафа» ва «Хотираи шикорчӣ»-и И. В. Тургеневро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума намуд ва ба ин васила дар рушди ин ҷода низ нақше дорад.
Бо вуҷуди ин ҳама заҳмату такопӯ муҳаққиқи мумтоз дар тарбияи мутахассисони варзидаи илми адабиётшиносӣ саҳми босазо гузошт ва таҳти роҳбарии ӯ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё