Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

адабиёти классикии тоҷик, хосатан адабиёти қарни 19 ва намояндагони он фаъолият намуда, асарҳои ҷовидона таълиф намудаанд. Дар хотироташон омадааст, ки устод Расулхон Ҳодизода си сола умри хешро ба омӯзиш, тадқиқ ва эҷоди асарҳои бадеӣ дар бораи Аҳмади Дониш сарф намуда, роҷеъ ба намояндагони асри 19 мақолаву асарҳои илмӣ ва ҳикояву романҳо таълиф намудаанд. Дар монографияшон, ки онро соли 1956 ба табъ расонидаанд, дар баробари бисёр масъалаҳои муҳими адабӣ баҳс мекунад, роҷеъ ба фаъолияти Садри Зиё ва аҳамияти таълифоти ӯ дар фасли махсус тавакқуф намудаанд. Устод Ҳодизода баъд аз тавсиф ва таснифи холисонаи эҷодиёти Садри Зиё симои адабӣ ва маърифатии охири қарни 19 ва ибтидои асри 20 будани эшонро таъкид намуда, гуфтаанд: «...вале ӯ, (яъне Садри Зиё Р.А.) ба мавқеи шахси тараққипарвари замон, пайрави идеявии А.Дониш нарасида буд, вай дар амал сиёсати муртаҷеонаи амири Бухороро ҷонибдорӣ мекард, ходими содиқи ду амири охирин буд. Аммо ҳамчун шахси бомаърифат ва илму адабпарвар ба шахсони пешқадами замонаш, мисли Донишу Шоҳин эҳтиром мегузошт. Вай гӯё саъй менамуд, ки миёни сохтори пӯсидаи аморат ва афқору андешаҳои маорифпарварӣ ислоҳотхоҳии Аҳмади Дониш мусолиҳа ва мувосо вуҷуд дошта бошад. Аз аввал то охири фаъолият ва маъмурият ва дар осору ақоиди худ Садри Зиё ҳамин мавқеи духӯраи созишкоронаро пайравӣ кардааст». (Р.Ҳодизода, Худоё, худро бишносам, саҳ. 185).

Устод Ҳодизода дар идомаи андешаҳои хеш роҷеъ ба эҷодиёти Садри Зиё суханро давом дода, ба фаъолияти устоди зиндаёд Муҳаммадҷон Шакурии Бухорӣ тавакқуф намудаанд, ки эшон баъд аз ба дастории Истиқлолияти Тоҷикистон ва давлати ҳуқуқбунёди демократӣ эълон шудани он насаби хешро тағйир дода, дар бораи падари

пешина
аз 315
навбатӣ