Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
фурудгоҳи Душанбе мақоми байналмилалиро соҳиб аст. Он бо бисёр ширкатҳои ҳавопаймоии ватаюну кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, ояндаи умедбахшро дар роҳи инкишофи бесобиқаи соҳаро таъмин хоҳад кард, - мегӯяд Исматулло Абдуллозода.
Яке аз дастовардҳои муҳими «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар ин давра сохтмони терминали нави мусофирбарӣ маҳсуб меёбад, ки ифтитоҳи расмии он бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 сентябри соли 2014 баргузор гардид. Айни замон, терминали нави фурудгоҳи Душанбе ба иқтидори пурра фаъолият намуда, бо технологияҳои навтарини ҳозиразамон дар як соат ба 500 мусофир хизмат расонида метавонад. Терминал аз ду ошёна иборат буда, дорои таҷҳизоти нави замонавии муоинаи мусофирон, бағоҷу бор ва системаи бақайдгирӣ, ду зинапояи телескопӣ, ки дар як вақт ба чор ҳавопаймо хизмат мерасонад, эскалатор, 5 лифт, 5 тасмаи даврзанандаи интиқоли бор, 19 нуқтаи бақайдгирии мусофирон ва толори барҳавои СИП мебошад. Баъди ба истифода додани терминали нави мусофиркабарии №1 - терминали дуюми фурудгоҳ низ бо тамоми таҷҳизоти муосиру ҷавобгӯи талаботи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё