Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан

сурат гирифт. Парвоз аз фазои ҳавоии зиёда аз бист кишвар дар масофаи зиёда аз сездаҳ ҳазор километр бо ҳавопаймои Ту-154 дар ҳайати Директори генералии корхонаи давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон Ш.
Мирзоолимов, ҳавонавардон Ю. Юсубахмедов, Р.
Ҳайдаров, А. Д. Ряшентсев, Э. Люманов, С. Ҷабборов, С. А. Заробян, А. Зиёев, М. Нозимов, О. Б. Чориев, А. И. Гурачевский, С. Соловёв, Н. Мамадносиров иҷро карда шуд, ки ин имтиҳони ҷиддӣ ва санҷиши маҳорату малакаи ҳавонавардони тоҷик маҳсуб ёфт. Дар солҳои минбаъда бо вуҷуди душвориҳои иқтисодӣ соҳаи ҳавопаймоӣ дар ҷумҳурӣ пеш рафта, фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб таъмиру навсозӣ намуда, ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ карда шуданд. Ба кишварамон ҳавопаймоҳои замонавӣ оварда шуданд, ки ба бисёр гӯшаю канори ҷаҳон парвозҳоро анҷом медиҳанд.

Маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»
терминали нави муосир барои мусофирон сохта шуда, соли 2014 дар Рӯзи авиасияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо

пешина
аз 275
навбатӣ