Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
мекард. Барои муҳофизат аз босмачиён бо худ ду туфанг ва як миқдор тиру норинҷакҳои дастӣ мегирифтем. Дар яке аз парвозҳоямон роҳбарияти нахустин Ҳукумати Тоҷикистонро оварда будем.
Пас аз роҳандозӣ шудани парвози ҳавопаймоҳо дар пойтахти ҷумҳурӣ маркази ҳавопаймоҳо ташкил ёфт, ки аз он ҷо ба гӯшаю канори кишвари кӯҳсорамон ҳавопаймоҳо парвоз мекарданд. Майдончаҳои ҳавопаймоии диёри кӯҳсори мо барои ҳавопаймоҳои нав як навъ парвозгоҳҳои таҷрибавӣ буданд. Дар солҳои панҷоҳум - шастуми асри гузашта Тоҷикистон яке аз ҷумҳуриҳои бо ҳавопаймоҳо муҷаҳҳазонидаи Иттиҳоди Шӯравӣ ҳисоб меёфт ва ҳавопаймо дар кишварамон қисми таркибии хоҷагии халқ гардид.
Таърихшинос Мусаят Шерғозиев овардааст, ки соли 1929 ҳавонавард Прохоров се моҳ шароити иҷрои парвози ҳавопаймоҳоро ба Помир омӯхтааст. Ҳавонаварди ҳарбӣ Машков якчанд моҳ дар ҷиҳозонидани аэродроми Хоруғ ва хати парвозу нишасти ҳазорметра иштирок ва ёрӣ кардааст. 21 октябри соли 1929 ҳавонавардони ҳарбӣ Баранов, Прохоров ва бортмеханик Велмер дар баландии 2200 метр аз сатҳи баҳр дар фурудгоҳи Хоруғ ҳавопайморо фуруд оварданд. Ҳамин тавр, ба Бадахшон ҳавопаймо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё