Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
АЭРОДРОМ СИМОИ НАВ ГИРИФТ
Аэродроми фурудгоҳ таҷдиду муҷаҳҳаз карда шуда, барои қабулу гусели навъҳои гуногуни ҳавопаймоҳо мутобиқ карда шуд. Дар «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» як хати парвозу фурудгоӣ бо дарозии 3200 метр ва бараш 60 метр, шаш хати гардиш ва 25 истгоҳи ҳавопаймо мавҷуд аст. Дар давоми солҳои 2016 - 2023 истгоҳи ҳавопаймоҳо пурра мумфарш ва масоҳати он васеъ карда шуд, ки барои ҳавопаймоҳои замонавӣ мутобиқ мебошад. Зеро муҳаррикҳои ин тайёраҳо аз замин то 60 - 80 см қарор доранд ва дар вақти гардишу ҳаракат тайёра дар хати мумфарши нав озодона ҳаракат мекунанд.
Солҳои 2016 - 2018, дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии аэродроми фурудгоҳ» хати парвозу фурудгоӣ аз нав мумфарш карда шуда, аз 2600 то 3200 метр дароз карда шуд. Дар хати парвозу фурудгоӣ таҷҳизоти рӯшноидиҳии мутобиқ ба дараҷаи 1 - и ИКАО ва системаи фурудгоҳии ILS васлу насб карда шуд. Имрӯзҳо ба шарофати он имкони қабул ва гусели дилхоҳ навъи ҳавопаймоҳо дар вақти шабонарӯзӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супориши Пешвои муаззами

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё