Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бинобар ин, новобаста аз дар кадом дараҷаи инкишоф қарор доштани инсон гирифтани дониш бояд дар мадди аввал бошад. Дониш ва фаҳмиши худро васеъ намуда, шумо имкони боз ҳам самаранок меҳнат карданро пайдо месозед.

Дар баробари пешравии касби шумо дар наздатон вазифаҳои мураккаб пайдо мегардад, ки боз донишу кордонии баландтар талаб менамоянд.

Бинобар ин, бо вуҷуди пешомади мушкилот бояд барои дониш гирифтан вақт ва маблағ пайдо намуд, чунки самараи маълумот нисбати маблағгузорӣ дар дигар соҳаҳо зиёдтар хоҳад буд.

Дар аксари мавридҳо одамон, вақте ки дараҷаи муайяни донишро соҳиб мегарданд, гумон мекунанд, ки гӯё ҳама улуми дунявиро фаро гирифтанд ва зарурати омӯзиши минбаъда вуҷуд надорад. Чунин ақида хато буда, шуморо аз пешравии фардӣ, яъне «инкишоф» бозмедорад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳар замон ки муаммоҳо ва имконоти нав пайдо мегарданд, мо онҳоро бояд омӯхта ва хуб дарк карда тавонем.

Дар шароити имрӯзаи инкишофи иқтисодию иҷтимоӣ ва дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонӣ мо - мутахассисонро маҷбур месозад, ки забони хориҷиро омӯзем, инчунин компютерро пурра аз худ намоем.

Имрӯзҳо дар аксари ташкилотҳо хатҳои марказонидашудаи компютерӣ, хатти интернет мавҷуд аст, ки имкони алоқа бо ахбори навини ҷаҳонӣ, ҳамкории соҳибкорӣ ва омӯзишро барои маълумоти бештар пайдо мегардонанд.

Муайян шудааст, ки даромади одамон баробари афзоиши донишу малакан кордонин онҳо афзуда, баробари кам гаштани он боз кам шудан мегирад. Дар дараҷаи макроиқтисодӣ бошад, бекорӣ ба дараҷаи маълумотнокӣ вобаста мебошад. Махсусан ҷавонон, ки имкони зиёди маълумот гирифтанро доранд, бояд аз вақти ҷавонӣ самаранок истифода кунанд, чунки вобаста ба синну сол қобилияти азхудкунии дониш низ суст гардида, оҳиста-оҳиста имконнопазир мегардад.

Аксар одамон ҳосилнокии меҳнатии худро дар баробари ба кор дохил шудан дар корхонаҳо баланд мебардоранд.

Ин, албатта, бевосита дар натиҷаи дониши иловагӣ гирифтан аз шахсони таҷрибадор, устодон ва сарчашмаҳои назариявӣ ба вуҷуд меояд. Чунин як шакли маълумотгирии умумӣ, дар давраҳои аввали кор басанда мебошад. Талабот ба

пешина
аз 522
навбатӣ