Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

вобаста ба синну сол ин гуна кормандон кам хоҳиши мулоқотҳои кориро доранд;

ҳосилнокии меҳнат низ пасттар мебошад.

Вобаста ба ҷинсият бошад, сотсиологҳо муайян намудаанд, ки баъзе фарқиятҳои кордонии ҷинсӣ мавҷуданд, ки мо дар вақти интихоби кормандон бояд ба онҳо диққат диҳем. Ин фарқиятҳо чунинанд:

занҳо нисбат ба мардҳо камтар қобилияти интизор шудан доранд;

занҳо нисбат ба мардҳо зиёдтар ба кор намеоянд, ё дер мемонанд;

мардҳо нисбат ба занҳо қувваи ҷисмонии зиёдтар доранд;

занҳо бештар дилёб буда, аз уҳдаи корҳои нозук хеле хуб мебароянд.

Албатта, қобилияти физикии одамонро вобаста ба саломатӣ, синну солашон ва тайёрии варзишиашон ба инобат гирифтан зарур мебошад, чунки меҳнати менеҷер ва дигар коргарони бахши менеҷмент хеле мушкил буда, қобилияти баланди физикӣ талаб мекунад. Махсусан маъюбон, беморон, камақлон, ё худ шахсони асабҳояшон хароббударо ба кори идоравӣ ҷалб намудан самараи хуб надорад.

Бояд қайд кард, ки дар ҳама ҳолатҳо дар вақти ба инобат гирифтани унсурҳои зикршуда чунин хусусиятҳои кордонӣ ба инобат гирифта шаванд:

бо мақсади эҳтиром ва ба инобатгирии талаботҳои одамони синну соли гуногун, ҷинсҳо, миллату халқҳо, дигаргуниҳои табиию демографӣ бояд пурра дар назар гирифта шаванд;

қобилияти кордонӣ, зеҳнӣ ва ихтисосмандии корманд;

қобилияти азхудкунии ин ё он фаъолият, хоҳиш ва имконоти одамон, инчунин дараҷаи инкишоф ва омодагии ҳар як шахс.

Вақте ки мо шахсони алоҳидаро ба кор қабул менамоем, албатта, ин бо мақсади иҷрои вазифа ва кори муайяне мебошад. Бинобар ин, қобилият ва уҳдабароии ин шахсонро аз рӯи тест — супоришҳои махсус санҷидан мақбул аст. Баъзе вазифаҳо ва корҳо тайёрии физикии хуб низ талаб мекунанд, ки он бо роҳи иҷрои машқҳо санҷида мешавад.

Мисол, агар шуморо ба вазифаи ҷарроҳ қабул намоянд, бояд, ки дастон ва чашмони шумо бенуқсон бошанд.

пешина
аз 522
навбатӣ