Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Таҷриба нишон медиҳад, ки дар даҳсолаи охир ташкилотҳои калони Амрико, Ҷопон, Туркия, Корея ва ғайра самаранокии корашонро аз ҳисоби кам кардани миқдори коргарон таъмин намуда, аз рӯи қоидаи аутсорсинг — яъне чун пудратчии тобеъ додани қисме аз функцияи худ ба дигар ташкилотҳо, ки самаранокии корро таъмин месозанд, амал мекунанд.

Аммо дар ҳама ҳолат самаранокии рӯҳии ташкилотро фақат қоидаи устувори инкишофи башарӣ, таъмин карда метавонад, ки ин барои тамоми ташкилотҳо дар ҳазорсолаи сеюм хос бояд бошад.

31.6. Маслиҳатҳои муфиди Дейл Корнеги1

Фикри худро оиди саломатӣ ва боварӣ ба худ мустаҳкам созед. Яъне «Ҳаёти мо он нест, ки мо оидаш фикр дорем»

Ҳеҷ гоҳ ҳаракат ба он нанамоед, ки ба душмани худ ҳисоб баробар кунед, чунки бо ин рафторатон ба худатон зиён меоред.

Ба ҷои он, ки аз нобарориҳо ғам хӯред, хубаш ба он тайёр бошед.

Ягона роҳи хушбахтӣ ба даст овардан интизорӣ набуда, балки накӯкорӣ кардан аст.

Раҳмат шунидан ин натиҷаи тарбияи хуб аст.

Бо комёбиҳо дар ҳисоб бошед, на ин ки бо нокомиҳо.

Ба дигарон ҳасадхӯрӣ ва таклидкорӣ нанамоед.

Аз ҳолатҳои ғамгинии худ фаромӯш кунед ва атрофиёнро хушбахт намоед.

Ба дигарон некӣ карда, пеш аз ҳама ба худатон кӯмак менамоед.

1 Корнеги Д. Как завоевать друзей и оказивать влияние на людей.Ростов на Дону: Изд-во. Феникс. 1996. - 672 с.

пешина
аз 522
навбатӣ