Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳолати дигарро низ мушоҳида кардан мумкин аст, ки мо аксар маврид кормандони ташкилоти хешро дар ҳолатҳои вазнинии зиндагӣ, ё эҳсосоти танҳо мегуворем, ки ин рафтори ӯро метавонад дигар карда, ҳатто ба корҳои ғайриқонунӣ, ё худ майзадагию нашъамандӣ равона созад. Раҳои ёфтан аз чунин ҳолат меҳнати дӯстдошта, ҳавасмандӣ ва ҳолати рӯҳии солими корӣ дар коллектив, оилаи хуб ва дӯстони кордон мебошанд.

Махсусан, вақте ки ҷавонон ба кор меоянд, то 3-4 соли аввал барои дар коллектив ҷой ёфтан, мавқеъ пайдо кардан, касбро пурра ёд гирифтани онҳо мушкилиҳои зиёди рӯҳию моддӣ пеш меояд ва эҳтимол ҳар замон корхонаро тарк намуда, худро аз муҳити корӣ дур созанд. Ғайр аз ин қоидаҳо ва сарчашмаҳои дигари ҷаҳонбинӣ хосиятҳои донишмандӣ, маданӣ, ахлоқӣ ва эстетикимебошанд, ки мо аз тариқи телевизион, радио, кино газетаю журналҳо мебинем, мешунавем ва мутолиа менамоем.

Бояд қайд кард, ки дар ҷаҳон асосан маданиятро ба ду: ғарбӣ ва шарқӣ ҷудо мекунанд. Инкишофи ҷаҳонбинӣ имкони ҳалли дурусти масоили роҳбариро дошта, дар шарқ хусусиятҳои хоси худро дорад. Аксар маврид эҷодкорӣ ин чизи нав набуда, ҷустуҷӯи ҳалли масоил мебошад. Маданияти шарқӣ аксар маврид намегузорад, ки шахсияти худро нишон дода, ягон навигариро дохил намоянд. Донишмандӣ ба бедонишӣ доимо бархӯрда, ҳатто эҳтимоли пайдо кардани навъен худро надошта бошад. Аксар мавридҳо мардуми Шарқ эҷодкориро аз нигоҳи динӣ-мистикӣ шабоҳат дода, аз воқеият ва ҳолатҳои навоварию эҷодкории роҳбарӣ рӯй мегардонанд.

Аз рӯи ақидаи Тромпенаарса (1896-1998) як қатор омилҳои арзишноки хусусиятҳои фарқкунандаи миллӣ ва фардии мактаббачагонро мушоҳида кардан мумкин мебошад. Дар ИМА, Канада ва Англия агар диққати асосиро ба назорати дохила, ё худ инкишофи дохили кӯдак диҳанд, дар Ҷопон, Чин, Чехия диққатро ба назорати беруна ҷалб менамоянд.

Дар мамолике, ки диққатро ба инкишофи дохила медиҳанд, муҳит ҳамчун тағйирёбанда қабул шуда, инсон бояд тағйирёбиро омӯзад, фаҳмад дарк намоед ва ба он таъсир расонад. Дар мамолике ки диққатро ба назорати беруна медиҳанд, аз нигоҳи ақли инсонӣ нисбати муҳити табиӣ камқувват буда, чунин ҳисоб мекунанд, ки фаъолияти худро дар ягонагӣ ба табиат гузаронанд.

пешина
аз 522
навбатӣ