Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

на амсоли он мусоидат менамояд. Чунин мукофот на фақат ба корманди мукофотгирифта, балки чунин қадршиносӣ ба тамоми кормандон таъсири мусбии худро мерасонад ва ҳар кас кӯшиш менамояд, ки онро соҳиб гардад.
Мукофотҳои ғайримоддӣ ва имтиёзҳо низ ҳавасмандии кормандонро баланд мебардорад, ба корманд агар тӯҳфаҳо тақдим намоед, хеле хурсанд шуда, боз хубтар меҳнат мекунад. Иштироки кормандон дар фоида хариди саҳмияҳо ба натиҷаи кори кормандон таъсири мусбӣ мерасонад.

Хуб мешуд, ки кормандон оид ба тӯҳфа пешакӣ огоҳ набошанд, зеро тӯҳфае, ки пешакӣ маълум аст ва одамон интизорӣ мекашанд, он қадар самара намедиҳад.

Дигар ҳолате, ки ҳавасмандии кормандонро баланд мебардорад, ин зиёд кардани маблағи нафақа, додани роҳхатҳо ба санаторияву истироҳатгоҳҳо мебошанд.

Албатта, ҳар як аскари қаторӣ орзуи генерал шуданро дар дил мепарварад. Корманди оддӣ низ мехоҳад, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ бирасад.
Бинобар ин, баъд аз мӯҳлате вобаста ба кордонию қобилият, ба вазифаи болотар гузаронидани корманд мувофиқи мақсад мебуд.

Раванди дигари ҳавасмандии кормандон ин муносибати роҳбарон ба онҳо мебошад. Бо кормандон, ки дар ҷараёни кор ҳамроҳи шумо мебошанд, ҳамчун ҳамкори соҳибкор муносибат кардан лозим аст. Яъне аз аввали қабул кардани қарори идоракунӣ, то иҷрои он аъзои команда даъват шавад, бо онҳо маслиҳат карда, мақсадгузорӣ кардан лозим мебошад. Имкон диҳед, ки ҳама ба мақсад ва вазифаҳо пурра ошно шуда фикрҳои худро бигӯянд. Ин гуна муносибат имкон медиҳад ҳар як корманд ҳис намояд, ки ӯ низ дар пешрафти кори коллектив ҳиссагузор мебошад. Аз дигар тараф ба кормандон имкон диҳед, ки онҳо ҳамкорон ва мизоҷонро худашон ёфта гиранд ва ба Шумо пешниҳод намоянд.

Маълум аст, ки пешбинии коллектив омили асосии ҳамкорӣ дар ташкилот буда, имкон медиҳад, ки ҳар як аъзои ташкилот масъулияти баланди иҷрои супоришро ҳис намояд ва ҳар як кормандро мувофиқи кораш баҳо диҳед ва онҳо ба ин арзанда мебошанд.

Аз нигоҳи иқтисодӣ кормандон дар ташкилот ҳамчун мизоҷон мебошанд.

пешина
аз 522
навбатӣ