Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
имкониятҳои ақлонии касбии худро мунтазам инкишоф медиҳад.
Вақте ки дар ташкилот дигаргунӣ дохил месозед, хоҳ нохоҳ ба муқобилияти шахсони алоҳида рӯбарӯ мегардед. Ин фикрҳоро диққат диҳед ва ба инобат гиред. Шояд зери ин фикрҳо боз хатогии ҷиддие мавҷуд мебошад, ки намедонед. Бигузор кормандон сабабҳоро омӯхта, ба Шумо пешниҳод намоянд.
Аз тарафи дигар, шахсоне, ки дигаргуниро тарафдорӣ менамоянд, дастгирӣ карда, ҳаракат намоед, ки онҳоро муттаҳид намуда, барои кам кардани шиддатнокии муқобила истифода баред.
Аз нигоҳи фалсафӣ вазифаи умумии аксари мактабҳо ва омӯзишҳо ин дарёфти роҳҳо ва ҳалли масъалаҳои метафизикавии зиддиятҳои байни одамон ва коллектив мебошад. Ин муаммо дар назарияи идоракунӣ низ басо зарур буда, ба ин фақат қоида ва усулҳои донишмандӣ, хирадмандию кордонии бахши роҳбарӣ ҷавоб мегӯяд.
Равоншиносон сабабҳои гуногуни бартарии одамонро омӯхта, ба хулосае омадаанд, ки асосашро оила ташкил медиҳад. Ҳатто сабаби паст ё баланд шудани ҳосилнокии меҳнат низ ба проблемаҳои оилавӣ зич алоқаманд мебошад.
Бинобар ин, роҳбар вазифадор мебошад, ки масоили оилавӣ ва кории ҳар як кормандро ҳаматарафа омӯхта, роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод намояд. Чунки инсоният метавонад масоили кориро ба осонӣ ҳаллу фасл намояд, вале масоил ва муноқишаҳои оилавиро хеле мушкил ва вазнин аз сар мегузаронанд, ки хоҳ-нохоҳ ба ҳосилнокии кор ва саломатии одамон таъсири манфӣ мерасонад.
Аз тарафи дигар, роҳбари бообрӯю кордон метавонад масоили дар корхона пайдошудаи корманд ё берун аз корхонаро бо осонӣ ҳал намояд, вале масоили оилавиро ҳал намудан хеле ва хеле мушкил мебошад.
Аслан институти сеюме вуҷуд дорад, ки ин муносибатҳоро ба низом медарорад, ё худ таъсири мусбии худро мерасонад, махсусан дар Шарқ ҷамоа, маҳалла, қишлоқ, авлод, қабила мебошанд, ки метавонад бо истифода аз системаи мукофот ва ҷазо вобаста ба урфу одат, анъана ва дину оин таъсири худро расонад.
Ҷазо додан яке аз усулҳои самараноки таъсиррасонӣ ба одамон ба ҳисоб рафта, фаъолияти онҳоро самаранок мегардонад ва якбора ҳамчун усули тарбиявии коллектив дар яъкугӣ мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё