Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пас аз ин дар зарфи ҳамагӣ як-ду сония воқеае рӯй дод, ки аз рӯи он «девонаи мусибатзадаро» чобуктарин одами дунё шумурдан мумкин буд. Вай бо як ҳаракати барқосо линги чапашро бардошта, бо нӯки ботинкаи латтагинаш ба шиками Макрушев фаровард ва дар як мижа задан таёқи худро аз таки девор гирифт, ба банди дасти таппончадори лейтенант зарбаи дуюмро зад.

Макрушев, ки аз зарби якум қоматаш хам шуда буд, бо зарбаи дуюм нолише карда таппончаро аз даст афтонд.

Насим ӯро монда, ба тарафи дарвозаи ҳавлӣ давида буд, ки аз он ҷо қабати торики Комилов бо таппончаи ба сӯи Насим рост кардашуда давида баромамад.

— Биист, мепарронам! — бонг зад ӯ.

Насим боз ба қафо рӯ овард. Аммо аз он тараф Макрушев яроқи худро бо дасти чап бардошта ва пайкари Насимро нишон гирифта, пеш меомад. Насим, аз афташ, нағз медонист, ки онҳо ӯро намепарронанд. Вай таёқи худро ба гӯшае ғурронда, дастонаш ва сарашро ба як тарзи ҳаяҷономез ҷунбонида ба нолиш даромад.

— Намеравам ба қишлоқ! Кушед ҳам — намеравам! Ман аз ҳафтод маҳалли раисӣ безор!

— Девонагӣ бас аст, — заҳрхандае карда гуфт Макрушев. — Мо давои дарди туро ёфтем. Акнун сиҳат шудам, гуфтан гир...

Сухани Макрушев ҳанӯз ба охир нарасида, Насим ба замин афтоду як-ду ғалид ва ба худ печид, баъд муддате бетартиб даступо зада, ниҳоят ором шуд.

Офицерон ин манзараро дида гумон мекарданд, ки Насим бо «девонагии» худ машғул аст, боз фиреб додани мешавад. Аммо ӯ ба замин афтодан ҳамон заҳр хӯрда буд.

Комилов ва Макрушев ҳиҷолатмандона ба якдигар нигоҳ карда монданд.

Аз кисаҳои Насим ба ҷуз як соати кӯҳнаи рақамҳояш румӣ ва як кордчаи қаламтарошӣ дигар чизе ёфт нашуд. Аммо аз пояи ду мизи дар шипанг буда

пешина
аз 102
навбатӣ