Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
замон мепурсанд, ки «дадем кай меоянд?». Сафаров аз пичингҳои занаш хушҳол шуда, табассумкунон ваъда дод, ки худи ҳозир ба хона меравад. Дар ҳақиқат андаке истироҳат кардан зарур, бо майнаи хасташуда ин гуна муаммоҳоро ҳал карда намешавад. Зӯри бехуда миён мешиканад, гуфтаанд.
Вале Сафаров ба хона рафта натавонист. Вай акнун гирдупеши худро ғундошта буд, ки як офицери алоқачӣ даромада омад. Чӣ тавре ки тахмин карда буданд, баъди ду рӯзи ба ҷои номаълум хабар фиристодани аппарати ноаён боз як кодограммаро дошта гирифтаанд.
— Ҷои передатчикро аниқ кардед? — пурсид майор.
— Бале, рафиқ майор, аммо ҳанӯз тақрибан: дар ҳудуди мураббаи «б-а»,— ҷавоб дод офицери алоқачӣ.
— Охир, дар он ҷо телеграфи шаҳр-ку?
— Ҳо, телеграфи шаҳр дар ҳудуди ҳамин мураббаъ воқеъ аст. Аммо,— гуфт бо лабханд офицери алоқачӣ,— онҳо боз хато кардаанд.
— Чӣ гуна хато?
— Вақте ки передатчики ношинос кор мекард, дар телеграф ҳамаи аппаратҳо бекор мехобиданд: айни вақти бадал шудани смена буд.
— Шояд бо передатчики номаълум яке аз коркунони почта алоқаманд бошад? — гуфта савол кард майор ва лаҳзае нагузашта худаш ба ин савол ҷавоб дод: — Не, ин тахмин беасос аст, чунки коркуни почта графики кори телеграфро медонад, хато намекунад. Хӯш, передатчик дар куҷо будааст?
Офицери шӯъбаи алоқа ба пеши харитаи шаҳр омад.
— Ана мураббаи «б-а»,— гуфт ӯ аз мобайнҳои харита ҷоеро бо ангушт нишон дода.— Нигоҳ кунед, рафиқ майор, дар ин ҷо ғайр аз бинои почтаю телеграф боз ду бинои калони истиқоматӣ ҳаст.
— Ба гумонатон передатчик дар яке аз ҳамин ду бино аст? — пурсид Сафаров.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё