Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Суриков дуруст мегӯяд,— оромона изҳор намуд майор.— Марди наврас ба ҳеҷ ваҷҳ рост ба назди шарикаш нарафтааст. Клава Воронцова бошад одами софдил аст. Ман ҳам баъзе чизҳоро аниқ кардам.

— Рафтори аҷибаш чӣ?

— Рафтораш... аҷиб нест, сабаб дорад. Вай кассири марҳумро дӯст медошт,— гуфт майор ва нохост чеҳрааш андӯҳгин шуд.— Худи ман ҳам аз ин тарафи кор хабар надоштам. Ҳамин рӯз маълум шуда монд...

— Чӣ хел маълум шуд? — бетоқатона пурсид Комилов.

— Имрӯз шофери кон Шавкат ба духтарак изҳори муҳаббат кардааст. Бечора Шавкат ҳам намедонистааст, ки марҳум Собиров ва ин духтарак ба ҳамдигар дил баста будаанд.

Комилов аз ҳиҷолат суп-сурх шуда рафт. «Не, ман дар ин ҷо кор карда наметавонам,— фикр мекард ӯ худ ба худ,— дар ҳар қадам нодониам мана ман гуфта намоён шуда истодааст. Беҳтараш рӯирост иқрор мешавам, ҷавоб мегирам. Одамонро таранг карда, ба кор халал расонида гаштани ман чӣ ҳочат?..»

Аммо Сафаров гӯё аз андешаҳои аламангези шогирдаш пай бурда бошад, гуфт:

— Ҳеҷ воқеа нашудааст. Коромӯзӣ бе хато намешавад. Хафа нашавед, Алиҷон.

БОЗ ЯК АРӮСУ ДОМОД

Сафаров офицерҳоро ҷавоб дода, дар кабинети худ танҳо менишаст. Фикру андешаи беохир ва бенатиҷа ӯро озор медод. Шикамаш гурусна буд, аммо гӯё чизе хӯрдан намехост. Хотири кас ноҷамъ бошад, хӯроку истироҳат ҳам ба ёдаш намеомадааст.

Майор имрӯз ҳуҷҷатҳои шахсии одамони гумонбарро дафъаи дигар бо диққат аз назар гузаронид, ахбороти ёрдамчиёнаш, воқеаҳои рӯзҳои охиринро боз як бор нағзакак мулоҳиза карда баромад.

Зиндагонии мудири хоҷагии кон Бевзюк ҳафт-ҳашт соли охир бисёр аҷиб гузаштааст. Дар ин муддат ӯ якзайл аз шаҳр ба шаҳр мекуҷад. Чанд сол пеш вай

пешина
аз 102
навбатӣ