Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
Аммо Восеев ҳанӯз чӣ гуна кӯмак хостанашро баён накарда, занги телефон баланд шуд. Восеев бо қиёфаи норозиёна гӯшаки телефонро бардошта, бо касе саломуалеку пурсупос кард ва: «хайр, хуб, ман ҳозир меоям» гӯён аз ҷояш бархост.
— Сардор чег мезанад, — гуфт ӯ ба Пётр Степанович рӯй оварда. — Ман зуд бармегардам, агар фурсат дошта бошед, андаке сабр кунед.
— Хуб, хуб, ман негарон мешавам, — гуфт Бевзюк.
Восеев аз кабинет баромад. Бевзюк дақиқае беҳаракат дар ҷояш нишаст. Баъд аз кӯча ғурриши мошинаеро шунавида, часта аз курсӣ бархосту ба пеши тиреза омада, бо овози борики худ чиррос зад:
— Куҷо меравӣ ҳой каллаварам? Ба ту нагуфтам, ки ба анбори калон ҳай кун? Ӯҳ, ҳафтафаҳме!
Ғурроси мошин дур шуд. Баъд дар таки тиреза, аз афти кор, шахси дигаре пайдо шуд, ки Пётр Степанович бо ӯ баҳс карда рафт.
Вақте ки Восеев ба кабинеташ даромад, Пётр Степанович ҳамон баланд-баланд дод гуфта, бо шахси дар кӯча буда талош мекард.
— Мебахшед, Пётр Степанович, — гуфт Восеев узр хоста, — масъалае ки ба шумо гуфтанӣ будам, ҳал шуд. Бо худи сардор гуфтугӯ кардем. Бубахшед, ки шуморо беҳуда ташвиш додам...
Капитан Ҷобиров, ки ҳамаи ин манзараро аз кабинети ҳамшафат тамошо карда менишаст, ба худ қарор дод, ки мудири хоҷагӣ ба ихтирооти Восеев коре надоштааст. Бевзюк ҳатто заррае кӯшиш накард, ки ба нақшаҳои дар рӯи стол буда наздиктар биёяд, ҳатто аз дур ҳам ба онҳо назаре наафканд. Агар ӯ ба ин ҳуҷҷатҳо мароке медошт аз чунин фурсати муносиб албатта истифода менамуд.
Ҷобиров боз чанд тадбири дигар ёфта, Пётр Степановичро гаштаю баргашта санҷид, аммо аз ҳамаи ин натиҷае ҳосил нашуд.
Ё шояд Бевзюк пай мебурд, ки ӯро имтиҳон мекунанд, аз ҳамин сабаб худро бепарво нишон медод?
Ба ҳар ҳол эҳтиёт шарт.
— Воронцоваро зудтар ба ҳабс гирифтан даркор, —

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё