Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
Баъд ба қиёфаи хушбахтонаи ҷавон нигариста, роҳхати ӯро бедиққатона аз назар гузаронду табассумкунон гуфт:
— Ҳа, барои ангишт мерафтаӣ-дия? Ман орою тороятро дида, гумон кардаам, ки ба тӯй равонай.
— Не, рафиқ лейтенант, — гуфт Шавкат. — Одати ман ҳамин. Ба шаҳр андак озода шуда рафтан лозим.
Инспектор маънидорона чашмак заду иҷозат дод, ки сафари худро давом диҳад.
Дар кӯчаҳои шаҳр боз сусттар ҳаракат кардан лозим меомад. Шавкат ба чорраҳаи кӯчаҳои Пушкин ва Айнӣ расида, ба дасти чап — ба сӯи ресторан тоб хӯрд ва дар рӯ ба рӯи дӯкони китобфурӯшӣ, ки дар зери чинори бузурги паҳншоҳе воқеъ буд, қарор гирифт. Мудири дӯкони китобфурӯшӣ кайҳост, ки ба ӯ илтифот дорад, аз китобҳои нодир яктоӣ барои ӯ эҳтиёт карда мемонад.
Ана ҳозир ҳам Шавкатро дида, чашмонаш аз хурсандӣ гӯё барқ пӯшиданд. Ҷавонзани ситорагарми ҳалимакак аст ӯ. Фақат беҳуда лабу абрӯвонашро ранг мекунад. Бе рангубор-ку зеботар аст!
Ҷавонзан аз таки пештахта ду ҷилди китоби «Граф Монте-Кристо»-ро бароварда дод. Вай ба сӯи Шавкат мисли ҳардафъаина нигоҳҳои пурумеди ҷозибанок меафканд. Аммо Шавкатро ба нигоҳҳои ӯ коре набуд. Фикру зикри вай ба Клава, ба ҳамон кассирдухтари сеҳргар, ки ақлашро рабудааст, банд буд. Ҳоло ӯ ба назди Клава мераваду дилашро холии мекунад, ҳар чи бодобод, косаи сабраш дигар лабрез шудааст.
— Андаке коғаз диҳед, китобро печонам, — хоҳиш намуд Шавкат баъди изҳори ташаккур.
Мудири дӯкон нимта газетаи кӯҳнаро дод. Шавкат китобро печониду боз коғаз талаб кард. Ҷавонзан боз як газетаи кӯҳнаро дода, бо тааҷҷуб пурсид:
— Ин қадар коғазпеч карда чӣ кор мекунед?
— Ба анбори ангишт рафта истодаам, нозанин. Агар ду-се қабат коғаз напечонам, мағз-мағзи китоб аз чанги сиёҳ пур мешавад.
— Ҳа-а, — мад кашида гуфт ҷавонзан. — Ин тавр бошад, ана ба шумо боз як коғази дигар!..
Ҷавонзан ба тарафи банк рафтани Шавкатро дида,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё